3.9 C
Dushanbe

Нопадид шудани як сокини Роштқалъа дар Душанбе

Тутиё Амиршоев, сокини 31-солаи деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Душанбе нопадид шудааст.

Дар бораи боздошти ин сокини Роштқалъа Анора Саркорова журналисти шинохтаи тоҷик дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дод, аммо мақомот дар бораи боздошти ӯ то ҳол расман чизе намегӯянд.

Тутиё Амиршоев ҷияни Тутишо Амиршоеви 23-сола аст, ки моҳи ноябри соли гузашта, дар шаҳри Хоруғ аз сӯи нирӯҳои амниятии Тоҷикистон кушта шуда буд.

Тутиё 29-уми ноябри соли 2021 аз Маскав ба Душанбе омада, холааш Қамчигул Амиршоева, модари Тутишо Амиршоевро, ки ба ҷанозаи писараш аз Русия омада буд, ҳамроҳӣ мекард.

Амиршоев рӯзи 5-уми март бояд аз Душанбе ба Маскав парвоз мекард ва хешовандонаш низ ӯро то фурудгоҳ ҳамроҳӣ кардаанд. Бори охир ӯ ҳангоми назорати гумрукӣ бо наздиконаш тамос гирифта будааст.

Гуфта мешавад 13 рӯз аст, ки наздикони Тутиё Амиршоев дар бораи макони будубоши ӯ иттилоъ надоранд.

Дӯстони ин ҷавон бо дархости кумак дар ҷустуҷӯи Тутиё Амиршоев ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиати расмӣ фиристодаанд.

Анора Саркорова менависад, ки тибқи иттилои ғайрирасмӣ, Тутиё Амиршоев аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда, ҳоло дар СИЗО-и ин Кумита қарор дорад ва сабабҳои боздошти ӯ маълум нест.

Ба иддаои журналисти шинохта, Тутиё Амиршоев дар эътирозҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Хоруғ ширкат надошта, тайи чанд соли ахир ҳамчун муҳоҷири корӣ дар Маскав зиндагӣ мекард. Ва он замон барои иштирок дар ҷанозаи хешаш Тутишо Амиршоев ба Бадахшон рафта буд.

Вазъ дар Бадахшон рӯзи 25-уми ноябри соли гузашта баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа дар як амалиёти нерӯҳои қудратӣ бад шуд. Баъди бераҳмона кушта шудани Гулбиддин, сокинони маҳаллӣ дар назди бинои ҳукумати вилоят ҷамъ омада, чаҳор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд. Дар пайи ин эътирозҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ сокинони ВМКБ Тутишо Амиршоев ва Гулназар Муродбеков кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Баъди ин эътирозҳо чанд тан аз сокинони ин вилоятро боздошту фишор болои фаъолонро бештар кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафари расмии Сарвазири Тоҷикистон ба Эрон

Бино ба иттилои расонаҳои давлатӣ, Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 17-уми феврал бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд.

“Рейд”-и муҳоҷирон дар бозору кӯчаҳои Русия

Мақомоти Русия дар бозору кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳо барои тафтиши...

Дар Риёз бидуни ҳузури Украина қазияи ҷангро баррасӣ мекунанд

Имрӯз сешанбе, 18-уми феврал дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ нишасти намояндагони Амрико ва Русия дори гашт.

Ҳалокати беш аз 500 нафар дар садамаҳои нақлиётии кишвар

Танҳо дар давоми соли 2024 дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 552 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ҷони худро аз даст додаанд.