Боздошти як пизишк бо гумони даст доштан дар марги духтари ноболиғ

Пас аз 37 рӯзи марги Севинч Шукуроваи 17-сола – сокини пойтахт як пизишк бо гумони даст доштан дар марги ӯ боздошт шудааст. 

Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ бо нашри иттилоияе дар саҳифаи фейсбукиаш аз боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ (моддаи 129 қисми 2-и КҶ) нисбати духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич хабар дод.

Гуфта мешавад, Ҳоҷиев Абдурасул ба номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги Севинч Шукуроваи 17-сола шудааст, гумонбар аст. 

Дар иттилоияи Додситонӣ гуфта мешавад, ки аз рӯзи марги Шукурова Севинч, яъне 8-уми апрели соли 2023 ҳодисаи фавти ин ноболиғ аз ҷониби Додситонии ноҳияи И.Сомонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуда, ташхиси комиссионии суди-тиббӣ таъйин гаштааст. 

Додситонӣ менависад, ки пас аз гузаронидани ташхиси комиссионии судӣ-тиббӣ, хулосаи коршиносон 16 майи соли 2023 омода ва ба Додситонӣ пешниҳод гардид. Тибқи хулосаи комиссия сабаби марги ноболиғ Шукурова С. пайдо шудани садамаи анафилактикӣ аз маҳлули дорувории “Лидаза”, ки аз ҷониби духтур-ҷарроҳ Ҳоҷиев Абдурасул Муҳамадиевич бе зарурият таъйин ва гузаронида шудааст, мебошад. 

Додситонии шаҳри Душанбе дар ҳоле аз боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати духтури гумонбар дар марги Севинчи 17-сола хабар медиҳад, ки Шоира Зуҳурова, модари ин ноболиғ борҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Дастгоҳи Президент Озода Раҳмон муроҷиат карда, хостори ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани табиб Расул (Абдурасул) Ҳоҷиев барои марги духтараш шуда буд. 

Инчунин Зуҳурова гуфта буд, ки хомӯшии Додситонии ноҳияи И.Сомонӣ ӯро ба ташвиш овардааст ва метарсад, ки гунаҳкорон тамоми кӯшишро ба харҷ дода, аз масъулият гурехта, ин парвандаро хомӯш кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.

Даромади буҷети Тоҷикистон барои соли 2027 муайян шуд

Ҳукумати Тоҷикистон даромади буҷети соли 2027-ро 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ кардааст, ки он 23,2 дарсад бештар аз буҷети тасдиқшудаи имсол мебошад.