Бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ

0
222

Мақомоти Тоҷикистон ва Ироқ тасмим гирифтаанд, ки боқимонда зиндониҳо ва шаҳрвандоне, ки пас аз шикасти ДИИШ дар Ироқ банд мондаанд, ба Ватан баргардонанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ки сафири Тоҷикистон дар Ироқ ҷаноби Зубайдулло Зубайдзода дар мулоқот бо мақомоти расмӣ дар Бағдод раванди бозгардонии шаҳрвандони кишварро баррасӣ кардааст.

Ба қавли манбаъ, 17-уми апрели соли 2023, сафири Тоҷикистон дар Ироқ (бо қароргох дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзода дар як ҷаласаи махсусе дар мавриди баргардонидани шаҳрвандони тоҷик аз ин кишвари арабӣ ба Ватан ширкат кардаст.

Инчунин Зубайдзода дар мулоқоти алоҳида низ бо мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим ал-Аъраҷӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти байни ду кишварро баррасӣ карда, перомуни вазъияти Ховари Миёна низ гуфтугӯ кардааст.

Гуфта мешавад, тайи чор соли ахир Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷаҳонӣ ва дигар кишварҳо дар чанд маврид шаҳрвандони худро аз кишварҳои Ироқу Сурия ба Ватан баргардонида буд.