24.9 C
Dushanbe

Бозгашти нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикистонӣ баъд аз анҷоми маросими Ҳаҷ-2024 аз Арабистони Саудӣ ба Ватан баргарштанд.

Бино ба иттилои расмӣ, 24-уми июни соли 2024 нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикистонӣ, ки барои анҷоми фаризаи Ҳаҷ ба Арабситони Саудӣ сафар карда буданд, ба Ватан баргаштанд.

Хабари бозгашти зоирони ба кишварҳои худ дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки мавсими Ҳаҷ-2024 ба фарқ аз бархе дигар солҳо қурбониёни зиёде доштааст. Садҳо нафар ҷони худро аз даст додаву ҳазорҳо каси дигар бемор шуда, табобат гирифтаанд ва ё дар бемористонҳои ин кишвар бистарӣ шудаанд.

ББС ба нақл аз манобеи расмӣ дар Арабистони Саудӣ теъдоди ҷонбохтагони имсолро зиёда аз 1 ҳазору 300 нафар эълон кардааст, аммо бархе манобеи ғайрирасмӣ, ин теъдодро наздик ба 3 ҳазор нафар мегӯянд.

Ҳамзамон чанд нафар аз зоирони Ҳаҷ-2024 дар суҳбатҳои алоҳида бо Azda TV низ таъкид додаштанд, ки теъдоди талафоти ҷонӣ дар байни зоирони имсол нисбат ба солҳои пешин дар Маккаи Мукаррама хеле зиёд будааст.

Бархе шоҳидони ҳол мегӯянд, дар байни зоироне, ки ба сурати ғайрирасмӣ барои адои маросими Ҳаҷ-2024 бо роҳҳои мухталиф аз дигар манотиқи Арабистони Саудӣ ва аз дигар кишварҳо ба Маккаи Мукаррама рафта буданд, садҳо нафар шаҳрвандони тоҷикистонӣ низ ҳузур доштаанд.

Аммо, бо вуҷуди он ки мақомоти Арабистони Саудӣ зиёда 355 ҳазор нафари онҳоро аз пеш аз баргузории ин маросим боздошт ва аз Макка хориҷ карда буданд, аммо қисме аз онҳо дар меҳмонхонаҳои пинҳо ва қисме дигар дубора вориди Макка шуда, ба раванди муқаррарӣ, ки аз пеш тартиб дода шуда буд, халал ворид карданд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ ба сурати расмӣ гуфтаанд, ки яке аз сабабҳои асосии марги зоирони мавсими Ҳаҷ-2024 дар майдонҳои Арафот, Мино ва Муздалифа гармии аз ҳад зиёд будааст. Ва дар байни касоне, ки ҷони худро аз даст додаанд, теъдоди касоне зиёдтар будааст, ки ба сурати ғайриқонунӣ вориди Маккаи Мукаррама шуда, дар маросими баргузории Ҳаҷ иштирок кардаанд.

Аммо аз сӯи дигар, ҳамсуҳбатони Azda TV таъкид карданд, ки ҳузури ғайриқонунии бархе зоирон як тарафи масъала аст, ва паҳлуи дигари ин масъала дар он аст, ки дар солҳои гузашта, дар майдони Арафот, Мино ва Муздалифа ба сурати ройгон обу дигар намуди нӯшобаҳои ташнашикан тақсим мешуд, ва зоирон ҳам бо дастрасӣ ба ин намуди хидматрасониҳои ройгон фаровон истифода мекарданд. Аммо дар ибтидои ин мавсим, мақомоти Арабистони Саудӣ ба сурати расмӣ вуруди мошинҳои об ва дигар намуди нӯшобаҳои ташнашикан барои зоиронро дар майдонҳои Арафоту Мино ва Муздалифа манъ карда буданд ва қисми зиёде аз ҷонбохтагон ҳам дар он ҳавои гарми болои 50 дараҷа тоб наоварда, аз ташнагӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Пеш аз ин бархе хабаргузориҳои хориҷӣ аз марги садҳо нафар зоирони кишварҳои хориҷӣ дар маросими Ҳаҷ-2024 гузориш дода буданд. Дар байни кишварҳое, ки теъдоде аз зороини онҳо дар ин мавсим ҷони худро аз даст додаанд, Миср бо беш аз 223 кас дар ҷои якум ва сипас Индонезия бо беш аз 144 нафар дар ҷои дуюм аст. Мақомоти Кумитаи дин ҳам эълон карда буданд, ки 3 нафар аз зоирони тоҷикистонӣ дар ин мавсим дар Арабистони Саудӣ ҷони худро аз додаанд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ яке аз сабабҳои марги зоиронро тоб наовардани онҳо ба бархе бемориҳои мухталиф ва гармии боду ҳаво марбут донистаанд. Сухангӯи расмии Маркази миллии боду ҳавошиносии Арабистони Саудӣ низ гуфта буд, ки душанбеи 17-уми июни соли ҷорӣ дар соати 13:00 минтақаи марказӣ дар Масҷиди ҳаром 51,8 дараҷа гамр, Арафот 48, дар минтақаи Мино ва Муздалифа бошад, 46 дараҷа гармии дамои ҳаво сабт шудааст.

Гуфта мешавад, тибқи оморҳои расмӣ, дар рафти баргузории маросими Ҳаҷ-2024 зиёда 1 миллиону 800 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат кардааст. Аммо оморҳои ғайрирасмӣ аз он ҳикоят доранд, ки бо вуҷуди ихроҷи беш аз 355 ҳазор нафар аз Макка, ҳамоно даҳҳо ҳазор нафари дигар ба сурати ғайрирасмӣ дар ин маросим ширкат кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кумаки 141 миллионии ИА ба Тоҷикистон

Иттиҳоди Аврупо эълон кардааст, ки зиёда аз 140 миллион евро ба Тоҷикистон кумак мекунад.

Рушди беш аз 8%-и иқтисоди Тоҷикистон

Гузоришгарони Бонки ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар 16 моҳи ахир беш аз 8% тавсеа ёфтааст.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Мақомоти боломақоми Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар бораи ҳамкориҳои дирӯз ва имрӯзи худ гуфтугӯ карданд.

Шикояти мардум аз беобӣ дар Тоҷикистон

Бархе сокинони шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон мегӯянд, ки чор моҳ боз мардум аз беобӣ азият мекашанд ва касе дар вилоят ба доди онҳо намерасад.