Бозиҳои олимпӣ миёни нигаронии Ғарб ва итминони Чин

Бино ба иттилои

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, ки аз суҳбат бо расонаҳои дохилӣ парҳез мекунад, ва касе ҳам аз Тоҷикитсон дар ин бозиҳо ширкат намеварзад, ба қавли “Озодӣ”, 1-уми феврал дар як суҳбати ихтисосӣ бо China Media Group гуфтааст, баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ “баёнгари дастовард ва намоиши нерӯи Чин аст”.

Дар ҳамин ҳол Бюрои федеролии тафтишотӣ (FBI) таъкид кардааст, ки “аз таҳдиди хоссе дар ин маврид огоҳ нест, вале аз ҳама хоста ҳушёрии худро ҳифз кунанд.”  

Инчунин FBI ба варзишкорони амрикоӣ тавсия кардааст, ки дар замони ҳузурашон дар Бозиҳои олимпӣ гӯшиҳои мобилиашонро бо худ набаранд ва дар он ҷо аз гӯшиҳои муваққатӣ истифода кунанд.

Бюрои федеролии тафтишотии Амрико бо нигаронӣ гуфтааст, ки эҳтимоли сирқати иттилоот, насби барномаҳои нохуб ва радёб дар дастгоҳҳои телефонии онҳо вуҷуд дорад. Ва ин тавсияро ҳамтоянашон дар дигар кишварҳои Ғарбӣ низ ба варзишкорон пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, Амрико ва чанд кишвари Ғарбӣ бо далели ин ки Чин дар нақзи ҳуқуқи ақлиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ, аз ҷумла мусалмонони ин кишвар муттаҳам мешавад, ҳузури дипломатикии худро дар ин бозиҳо таҳрим кардаанд.

Ҳамзамон Шӯрои исломии ҷаҳонӣ барои донишмандони дин бо нашри як изҳороти расмӣ гуфта буд, ки бо далели зулму ситам ва фишору шиканҷаи мақомоти чинӣ алайҳи ақаллиятҳои мусалмони ин кишвар ба мисли уйғурҳо, иштирок дар ин бозиҳоро барои мусалмонон таҳрим эълон мекунад.  

Пеш аз ин Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳам бо нашри як гузориш хабар дода буд, ки “вазъи феълии минтақа ноустувор буда, таҳдидҳои террористӣ, ки аз марказҳои дахлдор бармеоянд, ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи ғарбии Чин пайваста таҳдид мекунанд, ки барои Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2022 дар Пекин таҳдиди фаврӣ аст.”

Бо ин вуҷуд КДАМ гуфта буд, ки “Тоҷикистон аз Пекин ҷиҳати баргузории бехатар ва муваффақонаи Олимпиада қатъиян пуштибонӣ мекунад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.