15.9 C
Dushanbe

Вокуниши расонаҳо дар бораи қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров

Аксари расонаҳои овозадори минтақа дар бораи қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров навиштаанд, ки ӯ дар натиҷаи “як амалиёти махсуси мақомоти Тоҷикистон террор” ва ба шаҳодат расиддааст.

22-уми майи соли 2022 Вазорати коҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо нашри як изҳорот аз қатли сарҳанги бознишаста Мамадбоқир Мамадбоқиров хабар дод.

ВКД дар ин изҳороташ гуфта буд, ки марҳум Мамадбоқир Мамадбоқиров “соати 17:30 дар шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Хоруғи Боло бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ” кушта шуд.

Аммо бар хилофи ривояти мақомоти корҳои дохилӣ аз ин ҳодиса хеле аз расонаҳои ғайриҳукуматӣ ва расонаҳои мансуб ба мухолифини тоҷик ҳам дар бораи қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров ривоятҳои дигареро ба мухотабони худ пешниҳод кардаанд.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз аввалинҳо шуда хабар дода буд, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров бо тири снайпер “дар натиҷаи як амалиёти вижа дар шаҳри Хоруғ кушта шуд.” Ба дунболи он сомонаи “Azdo tv” ҳам гуфта буд, ки ӯ “аз ҷониби мақомот кушта шуд.” Инчунин “Радиои Озодӣ” ҳам гуфта буд, ҳамроҳи ӯ як нафари дигаре низ захмӣ шудааст.

Аз ҷониби дигар аксари расонаҳои форсизабону арабизабон ҳам дар замони бозтоби ин хабар ривояти мақомоти корҳои дохилиро зери суол бурда, гуфтаанд, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз раҳабарони мардумӣ ва ё яке аз раҳбарони шиёни Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомоти кишвар “террор ва ба шаҳодат” расидааст.

Дар робита ба ин хеле аз расонаҳои русизабони минтақа низ дар пахш ва бозтоби ин хабар ба навъе мақомоти корҳои дохилӣ ва амниятии Тоҷикистон муттаҳам ба “террор”-и Мамадбоқир Мамадбоқиров кардаанд ва иддае ҳам бо нашри ривояти ВКД аз ин хабар иктифо намудаанд.

Як таҳқиқи кучак нишон медиҳад, ки дар раванди бозтоби хабари қатли Мамабоқир Мамадбоқиров хеле аз расонаҳои англисизабони дунё низ ба он таваҷҷуҳ кардаанд, вале ба назар мерасад, бархилофи расонаҳои форсизабону арабизабон, чанде расонаҳои англизабон ҳам ба ривояти мақомоти корҳои дохилӣ такия кардаанд. Ривояте, ки хеле аз кормандони корҳои дохилӣ низ ба он бовар надоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.