27.9 C
Dushanbe

Буҷет иҷро нашуд. Чаро корхонаҳои бузург андоз намесупоранд?

Бино ба омори ниҳодҳои молии Тоҷикистон буҷети имсолаи кишвар аз ҳисоби пардохт нашудани андоз аз ҷониби андозсупорандагони бузурги кишвар пурра иҷро нашудааст.

Гуфта мешавад давоми 9 моҳи гузашта ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои воридот 379,7 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шудааст.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар ҷаласаи Парлумон рӯзи 5 ноябр гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷети ҷумҳурӣ 7,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 7,9 дарсад кам мебошад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода сабаби иҷро нагардидани як қисми буҷети давлатиро ба вазъияти пандемия, додани сабукиҳои андозӣ, қарзӣ ва гумрукӣ ба истеҳсолкунандагони ватанӣ, дастгирии қишри осебпазири аҳолӣ ва ғайра рабт додааст.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода сабаби иҷро нашудани буҷети давлатро ба пардохт нагардидани андоз аз ҷониби корхонаҳои бузурги кишвар рабт додааст.

Ба буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби корхонаҳои мазкур (ба истиснои «Амонатбонк» – иҷро 121,8 фоиз) 689,0 млн. сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 392,0 млн. сомонӣ кам мебошад, – гуфтааст Давлатзода.

“Бинобар сабаби аз тарафи баъзе аз субъект­ҳои хоҷагидор сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт нагардидани андозҳои ҳисобшуда, бақияи қарзи андоз афзоиш ёфта, то 1 октябри соли 2020 -ум 1 миллиарду 21,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 -ум 440,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад”, – менависад нашрияи “Садои мардум” аз қавли Давлатзода.

Қарзи андоз асосан аз ҳисоби ҶСК НОБ «Сангтӯда-1» 115,6 млн. сомонӣ, ҶСК НБО «Роғун»-43,2, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» – 15,0, ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои тобеи он – 25,4, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 71,5 млн. сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.