23.9 C
Dushanbe

Бурду бохти паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудои “Tashkent Grand Slam 2021”

Танҳо 2 варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021” натиҷаи беҳтар нишон доданд. Дар ин мусобиқа Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг ва Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг ҷойҳои панҷумро соҳиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки “Tashkent Grand Slam 2021” рӯзҳои 5-7-уми март дар маҷмааи варзишии “Ҳумо Арена”-и пойтахти Узбекистон баргузор гардид.

Дар рӯзи 7-уми март шаш паҳлавони тоҷик дар вазнҳои сангин қувваозмоӣ карданд. Яке аз ин паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов дар ин мусобиқа аз даври дувум шуруъ намуда, дар даври дуюм ва сеюм Ричард Сипотс (Маҷористон) ва Адам Окруашвилиро (Гурҷистон) мағлуб намуд. Аммо дар чорякфинал аз Кокоро Кагеура (Ҷопон) шикаст хӯрд.

Паҳлавони тоҷик дар даври тасаллобахш Мартти Пуумалаиненро аз Финляндия мағлуб кард. Темури 23-сола барои ҷойи севум ва дарёфти медали биринҷӣ бо Эрик Абрамови 21-сола аз Олмон вориди рақобат шуд. Паҳлавони ҷавони олмонӣ дар давоми 3 дақиқаю 02 сония ду “ваза-ари” ба даст овард ва бо баҳогузории “иппон” ғолиб гашт.

Комроншоҳи Устопириён низ дар вазни то 90 кило дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври 2-юм Лорензо Риганоро (Италия) шикаст дода, даври баъдӣ худаш аз Донгҳан Гвак аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб шуд.

Чор варзишгари дигари тоҷик, ки дар вазнҳои сангин баромад мекарданд, дар даври аввал аз ҳарифони худ шикаст хурданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021”, ки 5-уми март доир шуд, чор варзишгари тоҷик ширкат варзиданд.

Шаҳбоз Саидаброров дар вазни то 60 кг аз даври дувум шуруъ намуда, дар ҳарду давр ҳарифони худро аз Булғористон ва Беларус шикаст дод.  Дар даври баъдӣ Шаҳбоз  аз Каромат Ҳусейнов (Озарбойҷон) мағлуб гашта, дар даври тасаллобахш бар Ҷаба Папинашвили (Гурҷистон) ғолиб омад.

Шаҳбоз барои ба даст овардани медали биринҷӣ бо Комрон Нуриллоев аз Узбекистон рақобат намуда, ӯ се “шидо” гирифт ва мағлуб шуд.

Дар рӯзи 5-уми март се паҳлавони дигари тоҷик аз ҳарифони аввали худ шикаст хурданд.

Сомон Маҳмадбеков (чемпиони ҷаҳон-2019) дар вазни то 73 кило рӯзи дуюм яъне 6-уми март дар ин мусобиқа ширкат варзид. Ӯ даври аввал озод буд, дар даври дувум аз паҳлавони рус Евгений Прокопчук шикаст хӯрд.

Варзишгари дигари тоҷик Ҳақназар Назаров дар вазни то 81 кило ду ҳарифи худ аз Гурҷистон ва Руминияро шикаст дода, дар даври баъдӣ аз қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015 Таканори Нагасеи Ҷопонӣ шикаст хурд .

Паҳлавони дигари тоҷик Акмал Муродов дар ҳамин вазн дар даври аввал аз Дидор Ҳамза (Қазоқистон) шикаст хӯрд.

Дар сабқати занон ягона намояндаи Тоҷикистон – Шоҳида Қаландарова- дар вазни то 63 кило, ки рақобатро аз даври дувум шуруъ кард, аз Ҳи Ҷу Ҳан (Кореяи Ҷанубӣ) мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021” 14 варзишгар (13 мард ва як зан) ба Узбекистон рафта буданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқа 497 варзишгар (296 мард ва 201 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқа ба ҷуз аз медал соҳиби холҳои олимпӣ шуда, ба беҳтаринҳо ҷоизапулӣ дода шуд. Барои ҷойи якум дар ҳар вазн 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда шуд.

Дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2021” дастаи Ҷопон бо ба даст овардани 9 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Узбекистон, ки мизбони мусобиқа буд бо касби 2 медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар мақоми шашум ва Тоҷикистон бо ду ҷойи панҷум дар байни 71 кишвар дар ҷойи 25-ум қарор гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.