32.9 C
Dushanbe

Бузургмеҳр Ёров боз ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфт

Бузургмеҳр Ёров, зиндониии сиёсӣ ва адвокати шинохтаи тоҷик боз ба утоқи ҷаримавӣ ё “картсер”-и Боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. 

Ҷамшед Ёров, раиси Бунёди “Бузургмеҳр” дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки бародарош Бузургмеҳр Ёровро мақомоти зиндонҳо 5-6 рӯз пеш ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додаанд ва гуфтаанд, ки 15-уми май ӯро аз онҷо раҳо карда, ба утоқи оддӣ мегузаронанд. 

Сабаби ҷазо гирифтани Бузургмеҳр Ёров маълум нест ва адвокаташ ҳам то ҳол дар ин бора ба пайвандонаш ягон маълумот надодааст. 

Аммо Ҷамшед Ёров мегӯяд: “Шояд сабаби ҷазо доданаш ин расонаӣ шудани мактуби ӯ бошад, ки дар бораи ҷинояти мақомоти зиндон навишт. Ва ин ягона роҳе буд, ки мехост ба он дар бораи қазияаш ҷомеаро бо нишон додани ҷиноятҳои коргарони муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и шаҳри Ваҳдат огоҳ кунад”. 

Бузургмеҳр Ёров пештар аз ин чанд маротибаи дигар низ ба утоқи ҷаримавӣ интиқол ёфта буд.  

Мақомоти зиндонҳо мисли ҳамеша чунин хабарҳоро шарҳ намедиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 24-уми ноябри соли 2022 ҳомии ҳуқуқ Бузургмеҳр Ёров аз зиндони шаҳри Ваҳдат барои 2 сол ба зиндони низомаш пӯшида ва пурзӯри маъруф ба “критий”-и шаҳри Душанбе интиқол ёфта буд. 

Баъд аз ин Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ӯ парвандаи нав (чорум) бо иттиҳоми қаллобӣ боз кард ва то эълони ҳукм ва бо талаби худаш ӯро ба Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1 гузаронданд. Бузургмеҳр Ёров бо навиштани нома аз зиндон иттиҳомоти нави мақомотро сохта номид.  

Ин адвокати зиндонӣ дар номаи худ навиштааст, ки парвандаи нав бар асоси шикояти маҳбусе бо номи Ҳасан Ҳасанов боз шуда, даъвогар иддао кардааст, ки ин ҳомии ҳуқуқ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ бо ваъдаи озодии Ҳасанов аз маҳбас ва пешниҳоди кумаки ҳуқуқӣ 42 ҳазору 500 сомонӣ гирифтаанд.

Дар номаи Бузургмеҳр Ёров аз тафтишот хоста шудааст, ки ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Аммо то куҷо ин дархости Бузургмеҳр Ёров иҷро мешавад, маълум нест. 

Як муфаттиши Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 4-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ бидуни зикри номаш гуфтааст, ки парвандаи Бузургмеҳр Ёров махфӣ аст ва онро шарҳ дода наметавонад.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр мегӯяд, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон парвандаи “қаллобӣ” зарурат ба муҳри махфӣ надорад.

Адвокати шинохта ва маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров 28-уми сентябри соли 2015 баъди эълони омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири Президент айбдор шуд. Бар ин асос додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ин иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

То ҳол кишварҳои ғарбӣ ва чандин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро бидуни қайду шарте аз зиндон раҳо кунад, вале мақомоти кишвар дар ҳеч маврид дархости ниҳодҳои ҳуқуқиро ба инобат нагирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.

Санги қабри Мамадбоқировро канданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон санги рӯи қабри...

Киев ва Маскав ҳар ду мавриди ҳамла қарор гирифтанд

Тайи се рӯзи ахир Русия ҳамлаҳои худ алайҳи Украинаро афзоиш додааст, вале Маскав ҳам субҳи имрӯз мавриди ҳамла қарор гирифт.

Бонки миллӣ мизони таваррум дар кишварро эълон кард

Тибқи нишондодҳои расмӣ, дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар кишвар 8 дарсад рушд карда, сатҳи таваррум 2,3 дарсадро ташкил додааст.