24.9 C
Dushanbe

Ҷанг барои об дар Кӯлоб

Сокинони ҷамоати Даҳанаи шаҳри Кӯлоб се рӯз боз аз беобӣ танқисӣ мекашанд ва барои об гирифтан аз як нуқта хеле вақтҳо ҷангу ҷанҷол ҳам мекунанд.

Сокинони ин маҳалла бо нашри наворе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мегӯянд, мардум се рӯз боз об надоранд ва дар як нуқтае, ки аз он об мегиранд навбатпоии зиёд мешавад ва ҳатто барои гирифтани об байни сокинони ҷамоат ҷанҷонлу муноқиша ҳам рух медиҳад.

Бо вуҷуди муроҷиат ба ҷиҳатҳои дахлдор мушкилии онҳо бо гузашти се рӯз ҳал нашудааст. “Се рӯз шуд хона ба хона об кашидаанд, ҳеч кас дар хонааш об надорад. Барои гирифтани об ҷанҷолу кашмакаш мешавад”, – мегӯяд соҳиби навор.

Танқисии мардум аз оби ошомиданӣ дар ҷамоату деҳоти Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Аксари сокинони вилояти Хатлон, ба хусус аҳолии навоҳии гирду атрофи шаҳри Кӯлоб дар бисёр моҳҳои сол аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Сокинон мегӯянд, борҳо ба мақомоти шаҳру ноҳияашон муроҷиат мекунанд, аммо ба ҷуз ваъдаи холӣ касе омода нест мушкилоти беобии ин мардумро бартараф созад.

Мушкили беобӣ хосси минтақаи Кӯлоб дар Тоҷикистон нест, балки дар шаҳри Душанбе низ маҳаллаҳое вуҷуд дорад, ки мардум бо оби харида зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи як сокини шаҳри Душанбе ҳар моҳ оби ошомиданиро 200-300 сомонӣ мехаранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.