33.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон ҷарима барои шикори ҳайвоноти камёб сахттар шуд

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 12-уми декабри соли ҷорӣ миқдори ҷарима барои шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодирро баландтар бардошт.

Намояндагони парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар мавриди шиддат бахшидани ҷазо барои шикори ғайриқонунии ҳавоноти камёб, ба хусус бабри барфӣ ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карданд.

Тибқи ин қарори намояндагони парлумони Тоҷикистон аз ин ба баъд шахсе, ки даст ба шикори ғайриқонунии ҳавоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ дар кишвар мезанад, “бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ин дар ҳолест, ки Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон пеш аз ин барои шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир ҷазоро дар шакли ҷарима ба андозаи аз 500 то 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол муқаррар карда буд.

Инчунин дар хабар таъкид мегардад, ки “Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз тарафи гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардида бошад, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ин ҷаримабандиҳои сахттар нисбати шикорчиёни ғайриқонунӣ аз нобудшавии ҳайвоноти нодир дар Тоҷикистон пешгирӣ мекунад.

Ба иттилои манбаъ, бабри барфӣ яке аз ҳайвоноти нодир дар тамоми дунё ба ҳисоб рафта, арзиши он хеле гарон буда, то 300 ҳазор сомонӣ нарх доштааст ва аз ин ҳайвони кӯҳӣ дар Тоҷикистон 220 то 250 саршумор боқӣ мондааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.