23.9 C
Dushanbe

Ҷаримаро ба он хотир супоридам, ки зиёдтар нашавад

Акс аз Asia-Plus

Хабаргузории “

Кӯдакони бемору шароити вазнин

Нилуфар мегӯяд, вазъи саломатии фарзандонаш хуб нест, зеро онҳо гирифтори бемории “кӯдакони булӯрин” (“хрустальные дети”) мебошанд ва устухонҳои баданашон ҳар сари чанд вақт мешиканад.

“Ба судиҷрочиён фаҳмондам, ки нафақаи фарзандони маъюбам 540 сомониро ташкил медиҳад. Ман дар ягон ҷо кор намекунам. Агар ин маблағро ҷарима пардозам, фарзандонам чӣ мехӯранд?”, – пурсон шуд ҷавонзан.

Ба қавли ӯ, дар телефони мобилияш якчанд акси ҳуҷҷатҳои тиббии фарзандони бемораш буданд. Аммо бо сабабҳои номаълум кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино то ҳол онро ба ӯ надодаанд.

Нилуфар гуфта буд, ки баъд аз бозпас гирифтану фурӯхтани телефон пули ҷаримаро супорида метавонад.

Роҷеъ ба ин масъала хабарнигори “Азия-Плюс” бо кормандони ШКВД-2 дар ноҳияи Сино тамос гирифта буд ва онҳо гуфтанд, ки шаҳрванд Нилуфар Раҷабова метавонад бевосита ба ин шуъба ҳозир шуда, маълумоти лозимаро бигирад.

Рӯзи 20-уми июл Нилуфар ба роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи генералии ҶТ ариза навишта, хоҳиш карда буд, ки телефони мобилияш баргардонида шавад. Дар акси ҳол ӯ навишта буд, ки ба мақомоти байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон муроҷиат хоҳад кард. Ба гуфтаи ин ҷавонзан, ҳанӯз ҷавоби аризаро нагирифтааст.

Бозтоби расмии қазия

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, шаҳрванд Раҷабова Нилуфар Раҳматуллоевна, соли таваллудаш 7 ноябри 1990, сокини шаҳри Душанбе 14-уми декабр дар кӯчаи Карамоваи пойтахт ба шаҳрванд Абдуллоева Р.Х. суханони кабеҳи таҳқиромез зада, ҳуқуқвайронкунӣ содир намудааст.

“Абдуллоева Р.Х. маҷбур шудааст, оиди ҳолати мазкур ба кормандони милитсия дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат намояд. Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино оид ба ҳолати мазкур маводҳои заруриро омода намуда, барои моҳиятан дида баромадан ба Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуданд. 18 декабри соли 2019 суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шаҳрванд Раҷабова Н.Р.-ро бо моддаи 460 КҲМ ҶТ гунаҳгор дониста, нисбаташ ҷарима ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 550 сомонӣ таъин намуд. Раҷабова Н.Р. ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, маблағи номбурдаро ихтиёран супорид”, – навишта буд сомонаи хабарии ВКД.

Аммо Нилуфар изҳор дошт, ки ҳеҷ касро суханони қабеҳ нагуфтаву таҳқир накардааст.

Танбеҳи корманди масъули давлатӣ

Дар робита ба қазияи боздошти ҷавонзани ҳиҷобдор Нилуфар Раҷабова як корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ танбеҳ гирифта буд.

Мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Сабоҳат Маҳмадалиева рӯзи 12-уми феврал ба хабарнигорон гуфт: “Он корбарие, ки маҳз аз ҷониби зерсохтори мо шуда буд, албатта, рафтори корманди мо нодуруст буд. Дар ҷаласаи назди раиси Кумита ин масъала аллакай баррасӣ шуд ва ҳатто он корманди мо танбеҳ гирифт. Корбарӣ на ба ин тарз бояд карда шавад. Ба он тарзе бояд корбарӣ шавад, ки шаъну шарафи инсон поймол нагардад”.

Номаи кушод ба Озода Раҳмон

Нилуфар Раҷабова 12-уми январи соли ҷорӣ ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон номаи кушод навишта, аз ӯ хоҳиш карда буд, ки барои ҳалли мушкилоташ мусоидат намояд.

Ӯ нусхаи мактубро ба “Азия-Плюс” ирсол карда, зимни суҳбат гуфта буд, ки ноадолатӣ ва хомӯшии шахсони дахлдор водораш кардааст, ба Озода Раҳмон мактуб навишта, онро расонаӣ бикунад.

Дар ин номаи кушод аз ҷумла навишта буд: “Хоҳиш дорам, ки қазияи маро зери назари худ гиред, то мо ду модар исбот карда тавонем, ки модарон бузурганд ва намегузоранд, ки аз ин пас дар Тоҷикистон ҳуқуқи тифле ё зане … поймол шавад”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.