13.9 C
Dushanbe

Чаро дар шаҳри Турсунзода фармони Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намекунанд?

Як сокини шаҳри Турсунзода дар суҳбат ба “Аздо тв” гуфт, ки мехоҳад ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуда, аз хунукназарии масъулони ин шаҳр дар иҷрои фармони Президент ба ӯ шикоят кунад.

Абдуллоҳ Баев, сокини ш.Турсунзода ҷамоати деҳоти Қаратоғи деҳаи Маданият мегӯяд, бо вуҷуди он ки раисҷмуҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мактуби онҳо барои гирифтани замини назди ҳавлигӣ посухи мусбат додааст, мақомоти шаҳри Турсунзода то ҳол ба мушкилии онҳо расидагӣ накардаанд.

Ба гуфтаи ин сокини 32-солаи шаҳри Турсунзода, дар замини шашунимсотиқа 6 нафар бародарон ҳамроҳи модари пир ва 4 келин зиндагӣ доранд. Ба даъвои сокини шаҳри Турсунзода замини онҳо аз 7 ҳуҷра иборат буда, 4 оила дар маҷмӯъ 20 нафар зиндагӣ мекунанд.

Хонаводаи (оила) Баевҳо ду маротиба, як бор соли 2012 ва такроран соли 2014 барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ ба Идораи Ҷамоъати Қаратоғ ариза додаанд вале мақомот гуфтаанд, ки дар хонаи шумо 5 нафар кор мекунад ва шумо оилаи камбизоат маҳсуб намешавед, аз ин хотир аз додани замини наздиҳавлигӣ ба оилаи Баевҳо худдорӣ кардаанд.

Абдулло мегӯяд нафароне ҳастанд, ки солҳои 2018 ариза доданд ва ҳоло соҳиби замин ҳастанд. Дар деҳаи маданият ки Абдулло онҷо сукунат мекунад замин гарон буда 10 метри мурабаъи замин онҷо 3000 доллари амрикоӣ нарх доштааст.

Онҳо соли 2015 маҷбур шудаанд ба худи Президент нома бинависанд ва соли 2016 Дастгоҳи Президент ба номаи оилаи Баевҳо посух гуфта аз ҳукумати маҳалии ш.Турсунзода талаб карда, ки шароити зиндагии оилаи Баевҳоро санҷанд ва дар сурати воқеият доштани иддаои шаҳрванд барои онҳо замин ҷудо карда шавад. Аммо ҳангоми расидани нома ба идораи ҳукумати ш.Турсунзода ба онҳо гуфтаанд, ки ҳоло вақти замин тақсимкунӣ набудааст.

Пас аз сипарӣ шудани наздик ба 8 сол ин оила то ҳол соҳиби замин нашудаст. То ин замон ҷамоат бо баҳонаҳои гуногун корро ба таъхир меандохтааст. Ҳоло худи Абдуллоҳ дар Русия қарор дорад ва барои фаҳмидани масъалаи тақсими замин ҳамсараш ба идораи ҷамоъат меравад, аммо масъулон бо ӯ барои доштани рӯсарӣ сӯҳбат намекунанд.

Ба гуфтаи ин сокин намояндагони ҷамоат баҳона пеш овардаанд, ки аксари мардҳои ин оила дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва ба ин хотир наметавонистаанд онҳоро ҳамчун оилаи камбизоат номнавис кунанд. Модари хонавода 60 сол дошта 20 сол собиқаи корӣ дар заводи алюминий дорад ва ҳамагӣ 150 сомонӣ ҳаққи бознишастагӣ мегирад.

Абдуллоҳ мегӯяд, худам кайҳо замин харида соҳиби хонаву дар мешудам, муттассифона духтарам, ки 6 сол дорад, аз рӯзи таваллуд аз бемории қалб ранҷ мебарад ва ҳама даромадам сарфи табобати ӯ мегардад. Барои ҷарроҳии духтараш табибони Бемористон Истиқлол наздики 50 то 60 ҳазор сомонӣ талаб кардааанд. Райҳонаро бояд дар 4 солагияш ҷароҳӣ мекарданд аммо аз сабаби надоштани маблағи кофӣ ҷарроҳии ӯ ба таъхир андохта шудааст.

Ӯ мегӯяд дар навбат бояд номнавис кунанд то инки пизишкони эронӣ онҳоро бепул ҷарроҳӣ кунанд, аммо дар ин руйхат танҳо оилаҳои камбизоат номнавис мешудаанд. Дар ҷамоати деҳа оилаи онҳоро камбизот намедонанд.

Намояндагони ҷамоат дар соли 2016 пас аз мактуби Дастгоҳи расиҷумҳур аз хонаи онҳо дидан карда, гуфтанд, ки ҳатман замин ҷудо мекунанд. Абдуллоҳ мегӯяд, тӯли ин солҳо раисони ҷамоат ва шаҳр паи ҳам иваз мешаванд, аммо арзи онҳоро касе дида намебарояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.