-3.1 C
Dushanbe

Чаро рақобатҳои пешазинтихоботии номзадҳо дида намешавад?

То интихоботи президентии Тоҷикистон бештар аз 1 ҳафта боқи мондааст боқӣ мондааст. То ҳол номзадҳое аз ҳизбҳои амалкунанда пешбарӣ шудаанд, барномаҳои худро пурра ба ҷомеа нарасондаанд.

Яке  аз ин номзаҳо Рустам Латифзода мебошад, ки соли 2014 баъд аз марги Амир Қароқулов раиси ҲАТ интихоб шуд. Баъд аз 1 соли раисии ӯ, ҳизбаш муваффақ шуд то дар интихоботи парлдумонии соли 2015 баъд аз ҲХДТ бештарин курсиҳоро соҳиб шавад ва бо 7 вакил вориди парлумон шуд. Дар ҳоле, ки ҲНИТ ва ҲКТ натавонистанд камтарин овозро ба даст оранд ва вориди парлумон шаванд.

Рустам Латифзода то раиси ҳизб интихоб шуданаш ба ҳайси усто, инженер ё муҳандиси калони идораи “Тоҷикводстрой”, сардори шуъбаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва сармутахассиси шуъбаҳои кишоварзӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулодаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Баъд аз пешниҳод шудани ӯ ба ҳайси номзад аз ҲАТ ӯ тавонист дар муддати кӯтоҳ имзоҳои лозимаро ҷамъоварӣ намояд, ки ин боис шуд дар интихоби Латифзода шаку шубҳаҳо зиёд шавад.

Бештари коршиносон ва мухолифон бар ин боваранд, ки барои демократӣ нишон додани интихобот ӯро ба ин маъракаи сиёсӣ роҳ додаанд. Коршиносон мегӯянд, ки дар 5 соли вакил буданаш Рустам Латифзода дар масоили доғи кишвар боре ҳам садо баланд накардааст. Ба монанди Латифзода инчунин Абдуҳалим Ғаффоров, яке аз номзадҳо ба курсии президентӣ мебошад. Гуфта мешавад, Ғфаффоров соли 2004 аз ҷониби вазорати адлия ҳамчун раиси ҲСТ шинохта шуд.

Ба назари мухолифон ӯ низ аз ҷониби ҳукумат барои пуррақобат нишон додани интихобот, ҳамчун номзад “пешбарӣ” шудааст. Худи Ғаффоров ин ҳамаро рад мекунад. Раиси ҲСТ бо барномаҳои пеш аз интихоботии худ, ки гуфт дар Душанбе метро месозад ва ворид шудан ба Душанберо пулакӣ мекунад, вирди забонҳо шуд ва барномаҳои ӯ вокуниши ҷомеъаро ба бор овард. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз корбарон барномаи пешазинтихоботии ӯро ба масхара кашиданд.

Ба интихоботи президенти Тоҷикистон 5 номзад аз ҲАТ, ҲСТ, ҲКТ, ҲИИТ ва ҲХДТ роҳ ёфтанд. Номзади худпешбар Фаромуз Иргашев натавонист имзоҳои зарӯриро ҷамъоварӣ намояд ва аз сабқати интихоботӣ канор рафт. Саидҷаъфар Усмонзода, ки иддао дошт, ҳизбаш имзоҳои заруриро ҷамъоварӣ карда, ба КМИР пешниҳод намудааст, аммо бо вуҷуди он натавонист ба интихобот роҳ ёбад.

Коршиносон мегӯянд бо роҳ надодани Саидҷаъфар Усмонов ба интихобот, Ҳукумат хост нишон диҳад, ки КМИР ниҳоди мустақил аст ва гӯё раванди ҳисобкунии имзоҳоро ҷиддӣ мегирад, вале ба инҳам муваффақ нашуд. То шурӯи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 10 рӯзи дигар боқӣ мондааст, вале рақабатҳои пешазинтихобии номзадҳо ба чашм намехӯрад.

Ба гуфтаи коршиносон дар тамоми давлатҳои демократӣ баҳси номзадҳо ва барномаи пешазинтихобтии онҳо то шурӯи интихобот хеле гарм мешавад, аммо дар Тоҷикистон чунин баҳсҳое дида намешавад, чунки аллакай президент кист ва чӣ қадар овозро аз худ мекунад, аз ҳоло маълум аст. Номзадҳое ки дар баробари Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот иштирок мекунанд, аз худи Раҳмон таърифу тавсиф мекунанд ва кушиш мекунанд камбудиҳои ҳукуматро нагӯянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Куштори даҳшатбор дар шаҳри Конибодом

Мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд омилони ҳодисаи куштори 6 узви як хонаводаро ҷустуҷӯ доранд.

ВКД ба тоҷирон ҳушдор дод!

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз тоҷирони кишвар хост, ки аз хариду фурӯши маводҳои тарфгарӣ худдорӣ кунанд.

Русия: Муҳоҷирон бояд аз муассисаҳои таълимӣ дуртар зиндагӣ кунанд

Вакилони парлумони Русия бо тарҳи қонуне мегӯянд, муҳоҷирони корӣ бояд аз муассисаҳои таълимӣ дуртар зиндагӣ кунанд.

Суқуқти ҳукумати Башшор ва омадани ҳукумати нав дар Сурия

Ҳукумати Башшор Асад бомдоди рӯзи 8-уми декабри соли ҷорӣ бо дасти мухолифон сарнагун шуд.