20.9 C
Dushanbe

Чин барои ҳукумат толори маҷлисгоҳ месозад

Чин бо ҷудо кардани кумаки молӣ дар ҳаҷми 2 миллион доллари амрикоӣ қасд дорад дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе як толори маҷлисгоҳ барои ҳукумат бисозад.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми августи соли 2023 байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин созишномаи ҷадиде ба имзо расид.

Бар асоси ин санади дуҷониба, ки зери он вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва муовини раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин имзо карданд, Пекин тасмим гирифтааст, ки барои толори маҷлисгоҳи Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кумаки молӣ дар ҳаҷми 2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намояд.

Сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сохта мешавад.

Маҷмааи Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағи 1,5 миллиард юани чинӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Пекин сохта мешавад.

Гуфта мешавад, бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ ҷойгир мешавад.

Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наздики 11 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегардад. Баландии умумии бинои марказӣ 91,5 метрро ташкил медиҳад.

Созишнома дар бораи маблағгузорӣ ба ин сохтмони азим дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Син Чинпин 15-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Бино ба гуфтаи бархе коршиносон, Пекин дар муқобили ҷудо намудани ин кумакҳо аз мақомоти кишвар дар Душанбе хостааст, ки шароит барои мабалағгузорӣ дар саноати кӯҳӣ ва ё ба иборати возеҳтар азхудкардани конҳои маъданҳои Тоҷикистонро барои чиниҳо осонтар карда, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишваразӣ ба Чинро ҳам зиёдтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Барои муҳоҷирон дар Русия боз як имтиҳони дигар изофа шуд 

Муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани патент бояд ба таври шифоҳӣ имтиҳони забони русӣ супоранд.

Ҷузъиёти тоза дар бораи ҳодисаи дастгоҳҳои паёмрасони “Ҳизбуллоҳ”

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" мегӯяд, Исроил то кунун 5 ҳазор дастгоҳи паёмрасони "Пейҷер"-ро, ки аъзои ин гурӯҳ истифода мекарданд, тарконидааст.

Маълум шуд чаро табибони тоҷик тарки Ватан мекунанд

Баъзе аз тпбибони тоҷик аз он шикоят доранд, ки бемористонҳои кишвар барои ба кор қабул кардан аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд.

Захмӣ шудани сафири Эрон ва садҳо нафари дигар дар Лубнон

Дар ҷануби Лубнон садҳо нафар бар асари таркиши дастгоҳҳои иртиботии "Пейҷер" захмӣ шудаанд. Аксари захмиён аъзоёни гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” гуфта мешаванд.