36.9 C
Dushanbe

Чин дар Душанбе 4 эстакадаи нав месозад

Бар асоси як созишномаи нав байни мақомоти Тоҷикистон ва Чин, Пекин тасмим гирифтааст дар Душанбе 4 адад эстакадаи нав бисозад.

Бино ба иттилои расмӣ, 21-уми августи соли 2023 байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин дар Пекин созишномаи ҷадиде ба имзо расид.

Ин санад, ки бо ҳузури вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини раиси Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин Дэн Бо ба имзо расид.

Бар асоси бандҳои ин номаи табодулӣ “сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахти Тоҷикистон, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу” низ ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳамроҳ дар як ҳайат бо сафари расмӣ ду рӯз қабл вориди Чин шуда буд ва тайи ин сафар илова бар дидор ва имзои санадҳо байни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агентӣ оид ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии Чин бо дигар ниҳодҳои расмӣ низ ин ҳайати тоҷикистонӣ мулоқот карда буд. Ҳайти Тоҷикистонро дар ин сафар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ раҳбарӣ мекард.

Зимнан, мақомоти расмӣ то ҳол ҷузъиёт дар бораи он ки ин 4 адад эстакади ҷадид кай ва дар кадом кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, ва онҳо дар чанд муддат сохта ба истифода дода мешаванд ва ҳаҷми умумии маблағи онҳо чӣ қадар арзиш дорад, чизе гуфта нашудааст.

Аксари лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла роҳҳо ва нақбҳоро дар Тоҷикистон ширкатҳои хориҷӣ сохтаанд. Аммо ширкатҳои ғулпайкари кишвар, ба монанди “Фароз”, “Авеста груп” ва ғайра, ки ба наздикони Эмомалӣ раҳмон тааллуқ доранд, миллардҳо долларро ба ҷазираҳои офшорӣ интиқол додаанду омода нестанд ҳеч лоиҳаеро дар дохили кишвар сармоягузорӣ кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фишор болои наздикони фаъолони зодаи Бадахшон

Мақомоти Тоҷикистон фишор болои хонаводаҳои зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар хориҷ аз Тоҷикистонанду дар ҷустуҷӯ қарор доранд, сахттар кардааст.

Тазоҳуроти фаъолон дар Олмон: Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон қатъ шавад!

Гурӯҳе аз фаъолон дар Олмон бо баргузории тазоҳурот ва дархости озодии Абдуллоҳи Шамсиддин, хостори қатъи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон шуданд.

Муттаҳидони Русия ҳамлаҳои Исроил ба Эрон ва Ғаззаро маҳкум карданд

Раҳбарони кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС дар як баёнияи муштарак...

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Русия бо иттиҳоми озори ноболиғон

Пас аз баргузории ҷашнвораи фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Красноярски Русия, ду ҷавони тоҷик бо иттиҳоми озору азияти ду духтари 14-сола боздошт шудаанд.