5.9 C
Dushanbe

Ба Чоршанбе иҷоза надоданд бо наздиконаш ба забони помирӣ гап занад

Кормандони маҳбас ба варзишгари шинохтаи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев иҷоза надодаанд бо наздиконаш ба забони помирӣ гап занад.

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар истинод ба манобеаш аз маҳбаси шаҳри Душанбе менависад, ки кормандони зиндон аз Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари шинохтаи кишвар хостаанд дар дидор бо наздиконаш ба забони “тоҷикӣ” ё “рӯсӣ” суҳбат кунаду “помирӣ” гап назанад.

Чоршанбиев бо нишони эътироз ин талаби кормандони маҳбасро рад карда, гуфтааст, ки “Бо ман ҳар чӣ хостед, кардед. Кунун мехоҳед маро аз забонам маҳрум созед. Инҳо ақрабои мананд ва бо онҳо мехоҳам ба забони помирӣ, ба забони худам гап занам”.

Гуфта мешавад, баъд аз эътироз кормандони зиндон дидори Чоршанбиевро бо наздиконаш қатъ карда, ӯро бо худ бурдаанд. То ҳол маълумоти дигаре дар бораи Чоршанбиев дастраси расонаҳо нест. Дар аксар ҳолат кормандони зиндон маҳбусонеро, ки талабе ё эътирозе мекунанд ҷазо медиҳанд.

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро дар моҳи майи соли ҷорӣ бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет ба 8,5 соли зиндон маҳкум кардаанд. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.

Чоршанбе дар маҳбаси шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекард, аммо мақомот ӯро ба СИЗО-и шаҳри Душанбе интиқол дода, дар маҳбаси низомаш пӯшида ва махсуси маъруф ба “критий” ҷойгир кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия ба Тоҷикистон муаллиму китобҳои забони рус мефиристад

Русия махсус барои Тоҷикистон омӯзгорони забони русӣ ва дигар...

Мухолифони Толибон дар Душанбе ҷамъ омаданд

Нишасти 11-уми "Гуфтумони амниятии Ҳирот" бо меҳварияти масоили Афғонистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.

Поёни оташбаси муваққат дар Ғазза ва хостори тамдиди он

Имрӯз, 27-уми ноябр рӯзи охирини оташбаси 4-рӯзаи байни Исроил ва ҲАМОС аст. Эҳтимол меравад он то чанд рӯзи дигар тамдид шавад.

Таҷаммуи эътирозӣ дар Олмон барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Гурӯҳе аз ҳамкорони Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддини Саид, узви аршади ҲНИТ рӯзи 23-уми ноябр бори дигар дар Олмон барои талаби раҳоии ӯ гирдиҳамоӣ карданд.