13.9 C
Dushanbe

Парвандаи Чоршанбиев аз нав таҳқиқ мешавад.

Муҳокимаи навбати варзишгари шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 29-уми март дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия бо ҳузури пайвандон ва вакилонаш баргузор шуд, аммо бе иштироки хабарнигорон.

Дар ин муҳокима қарор шудааст, суҳбати видеоии Чоршанберо, ки дар он гӯё ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кардааст, аз нав мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони мудофеи Чоршанбе Чоршанбиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Хулосаи ташхисе, ки дар парванда буд, зери суол гузоштем. Бино бар онки дар хулосаи ташхис носаҳеҳӣ ва нопуррагӣ ҷой дошт, аз додгоҳ талаб кардем, ташхиси такрорӣ таъин карда шавад ва ин дафъа мутахассиси забони русиро даъват кунанд. Ниҳоят дархости вакилони дифоъ аз сӯи додгоҳ пазируфта шуд ва ташхиси такрории сиёсӣ-лингвистӣ таъин карда шуд.”

Тибқи қарори додгоҳ санҷиши навро Вазорати адлияи Тоҷикистон мегузаронад.

Пештар як сиёсатшинос аз Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, дар хулосааш гуфта буд, Чоршанбиев дар навор шаҳрвандони Тоҷикистонро ба “қиём” алайҳи ҳукумати қонунӣ даъват кард.

Аммо Елизавета Колтунова, мутахассиси криминалистикаи забоншиносӣ ва устоди Пажӯҳишгоҳи филология ва журналистикаи Донишгоҳи Нижний Новгород гуфта буд, ки “Дар суханони Чоршанбиев даъват ба ҳеч гуна тағйирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд надорад”.

Дар ҳамин ҳол Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигори тоҷик дар вокуниш ба қарори додгоҳ, ки Вазорати адлияро масъули санҷиши суханони Чоршанбе гузоштаанд, дар саҳфаи фейсбукиаш менависад: “Дар асл ташхисро бояд коршиноси мустақил гузаронад. Касе, ки ду тараф ба ӯ эътимод кунанд ва ба бетарафиаш шубҳа надошта бошанд. Дар Тоҷикистон бошад ин “таъинот”-ист. Одатан ин коршиносон гаперо хоҳанд гуфт, ки дар даҳонашон гузоштаанд. Аз ин ташхисгарони “ҳукуматӣ”, ё “мақомотӣ” хулосаи ғайричашмдошт гирифтан, хиёлоте беш нест.”

Дар идома рӯзноманигори тоҷик менависад, ки “Худоё ин гумони мо ғалат барояд” ва бо ишора ба кормандони мақомот суол мегузорад, ки “шояд виҷдон дошта бошанд?”

Чоршанбе Чоршанбиев рӯзи 31-уми декабри соли 2021 аз Русия ихроҷ ва дар Душанбе боздошт шуд. Мақомот ӯро бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет айбдор карданд. Ин моддаи Кодекси ҷиноии кишвар аз 8 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо худи ӯ ва наздиконаш иттиҳомро рад мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.