37.9 C
Dushanbe

Ҷустуҷӯи муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми куштор

Пулиси Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштор ҷустуҷӯ дорад.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, соати яки шаби 31-уми декабр дар ноҳияи Приморски Санкт-Петербург як зани 27-солаи рус ҷасади шавҳари модар (падарандар)-ашро дар ҳаммоми хона пайдо карда, ба пулис хабар медиҳад.

Пулис ба ҷойи ҳодиса омада, муайн мекунад, ки кушташуда марди 51-сола буда, ҷарроҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз рӯи ин ҳодиса пулис бо қисми 1 моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (куштор) парвандаи ҷиноятӣ боз карда, як муҳоҷири 39-солаи тоҷикро, ки дар ин хона сабтином шуда будааст, дар ҷустуҷӯ қарор додааст.  

То ҳол ба расонаҳо номи ин шаҳрванди Тоҷикистон ва аз кадом минтақаи кишвар буданаш маълум нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...