13.9 C
Dushanbe

Дар нишасти САҲА табъизи помириҳо ва нақзи ҳуқуқи онҳо баррасӣ шуд

Рӯзи 11-уми октябри соли ҷорӣ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава масъалаи ақаллиятҳои миллӣ, аз ҷумла табъизи помириҳо ва нақзи ҳуқуқи онҳо тавассути ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Мавзуи аслии рӯзи ҳаштуми нишасти САҲА дар мавриди санҷиш ва баҳодиҳии ҳуқуқи инсон, “Таҳаммулпазирӣ ва бидуни табъиз” ном дошт, ки дар он дар бораи “ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ”, “муносибат бо шаҳрвандони дигар давлатҳо ва ҳуқуқҳои инсонии муҳоҷирон” ва “масъалаҳои Рома ва Синти” гуфтугӯ сурат гирифт.

Аслиддин Шерзамонов, ҳомии ҳуқуқ дар ин нишаст гуфт, ки беш аз 29 сол мешавад помириҳо дар Тоҷикистон, дар хатари нобудии комил қарор доранд.

Аслиддин, ки худ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва ҳоло дар Урупо зиндагӣ дорад, мегӯяд: “моро ғорат мекунанд, мекушанд, таҷовуз мекунанд ва имони мардуми таҳҷоиро масхара мекунанд. Мехоҳам дар ин ҷо фарёд занам, роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод кунам ва пагоҳ ба хона баргардам, дӯстон ва оилаамро ба оғӯш гирам ва дигар муҳоҷири маҷбурӣ набошам”.

Ин ҳомии ҳуқуқ зимни суханронияш аз баста шудани дари Маркази тиббиву ташхисии Бунёди Оқохон ва бекор мондани кормандони он мисол оварда гуфт, ки “Бунёди Оқохон ҳамчун як ниҳоди байналмилалии аврупоӣ танҳо метавонад дар зери ҳимояти ниҳодҳои байналмилалӣ озодона фаъолият кунад, ба шарте ки ин ниҳодҳо ба тасмимҳои ҳукумати Тоҷикистон таъсир расонда тавонанд“.

Аммо ба гуфтаи Аслиддин, ин ниҳодҳо пас соли 2014, яъне баъди ғасби Қрим аз ҷониби Русия, тавоноии таъсиррасонӣ ба Путинро аз даст доданд, ҳомиёни ӯ, ба мисли Раҳмон, озодтар шуданд ва механизмҳои байналмилалӣ ба онҳо татбиқ нагардиданд.

Инчунин ин ҷавони зодаи Бадахшон мегӯяд, ки ҳар сол сатҳи намояндагии на танҳо ҳайатҳои давлатӣ, балки иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нишастҳои САҲА коҳиш ёфтааст.

Дар охири суҳбаташ Аслиддин Шерзамонов дар муроҷиат ба сокинони Тоҷикистон гуфт, ки “тақдири мо танҳо дар дасти худи мост ва тағйирот танҳо вақте оғоз мешавад, ки мо ба он омода бошем. Касе ба мо кумак карда наметавонад, хар қадар ки хоҳад, агар ману шумо ба қабули он тайёр набошем. Инқилобҳои таҳмилӣ вуҷуд надоранд, ҳарчанд таблиғоти ҳукумати худкома моро ба ин бовар кунонад”.

Ҳамзамон дар ин нишаст Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо овардани чанд мисол аз ихроҷи иҷбории шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон гуфт.

Алим Шерзамонов зимни суханронияш гуфт, ки “шаҳрванди Туркия Корай Вурал, ки 28 соли ахир дар Тоҷикистон ба сар мебарад, рӯзи 17 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ боздошт ва ба хадамоти ҷосусии Туркия супурда шуд. Инчунин раҳбари собиқи созмони илмӣ ва фарҳангии “Диалог” Эмсал Кох, ки 29 сол дар Тоҷикистон зиндагӣ карда ва бо як шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кардааст, 2 июли соли 2023 дар Душанбе нопадид шуд”.

Муовини раиси ПМТ мегӯяд, ки Тоҷикистон ҷое нест, ки муҳоҷирон аз кишварҳои дигар паноҳ баранд, аммо садҳо шаҳрванди Афғонистон, ки бо хатарҳои марговар рӯ ба рӯ буданд, ба Тоҷикистон фирор карданд, аммо мақомоти тоҷик ба ин ҳама нигоҳ накарда, дар соли 2022 беш аз сад шаҳрванди ин кишварро ихроҷ карданд ва ихроҷи ин афрод то ҳол идома дорад.

Инчунин яке аз суханронони имрӯзаи нишасти САҲА Муаззама Қодирова, ҳуқуқшиноси тоҷик буд. Ӯ аз мушкилоти ақалиятҳо дар Тоҷикистон ва бо бадрафторӣ рӯ ба рӯ шудани муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт.

Хонум Қодирова мегӯяд, ки ҳарчанд мақомоти тоҷик пофишорӣ доранд, ки Тоҷикистон “биҳишти рӯи замин” аст, аммо мардум аз ин “кишвари биҳиштӣ” фирор мекунанд ва тибқи оморҳо ахир, аз 10 миллион шаҳрванди Тоҷикистон танҳо дар Русия ҳудуди 3 миллион муҳоҷири тоҷик ба сар мебаранд.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, ки дар Русия муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон дар солҳои ахир аз ҷониби мақомоти ин кишвар маврид фишор, табъиз, таъқиб ва ҳатто куштор қарор гирифта, аз оғози ҷанги Русия ва Украина ин фишорҳо афзоиш ёфта, ҳатто ба ин васила онҳо ба зиндон ё бо баҳонаи ихроҷи маҷбурӣ ба ҷанг фиристода мешаванд.

Дар охир Муаззама Қодирова таъкид кард, ки “мо бояд бо табъиз ва нажодпарастӣ мубориза барем, одамон дар ҳар кишваре, ки набошанд, новобаста аз пайдоишашон бояд худро озод, эҳтиром ва узви муҳими ҷомеа эҳсос кунанд”.

Ёдовар мешавем, ки нишасти имсолаи САҲА дар бораи ҳуқуқи башар дар Варшава рӯзи 2-уми октябри соли ҷорӣ шуруъ шуда, то 13-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Дар нишасти САҲА, ки масъалаҳои ҳуқуқи башар, озодиҳои бунёдӣ, озодии баён ва расона, ҳуқуқ ва озодиҳои ақалиятҳо, интихоботи озод ва ғайра баррасӣ мешаванд, намояндагони ҳукумати Тоҷикистон мисли соли гузашта ширкат надоранд. Аммо намояндагони мухолифин, аз ҷумла Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, Паймони миллии Тоҷикистон ва фаъолони мустақил ширкати фаъолона доранд.

То ҳол ҳукумати Тоҷикистон сабаби иштирок накардани ҳайати худро шарҳ надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.