35.9 C
Dushanbe

Дар пайи ҳамла ба Конгресси ИМА алайҳи 25 нафар парванда боз шудааст

Пас аз нооромиҳои рӯзи 6 январ дар бинои Конгресси ИМА дасти кам 25 парванда бо иттиҳоми терроризми дохилӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора як узви маҷлиси намояндагони ИМА Ҷейсон Кроу пас аз гуфтугӯ бо мақомдори баландпояи артиш Райан Маккарти ба расонаҳо хабар додааст.

Дар изҳороти Кроу инчунин гуфта мешавад, ки аз иштирокчиёни нооромиҳо дар бинои Капитолия силоҳи оташфишонӣ, худсохтҳои таркандаи ба номи коктейл Молотов, маводи тарканда ва дастбандҳои пластикӣ пайдо кардаанд.

Қаблан мақомоти ИМА хабар дода буданд, ки дар пайи ҳамла ба бинои Капитолия беш аз 80 нафар боздошт шудаанд. Зиёда аз 50 нафари онҳо бо айбҳои гуногун, аз ҷумла нақзи қонуни манъи гаштугузор, вуруди ғайриқонунӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа муттаҳам карда шуданд.

6 январи соли ҷорӣ тарафдорони президенти кунунии ИМА Доналд Трамп ба Капитолия, ки он ҷо аъзои Конгресс натиҷаҳои интихоботи президентиро тасдиқ карданӣ буданд, ҳамла карданд. Дар натиҷаи ҳамла панҷ нафар кушта шуданд.

Як қатор сиёсатмадорони Ҳизби демократи Амрико Трампро дар ташвиқи хушунат айбдор мекунанд. Президенти кунунии Иёлоти Муттаҳида аз истифодаи бузургтарин шабакаҳои иҷтимоӣ муваққатан ва ё комилан манъ карда шуда, тақрибан даҳ корманди маъмурияташ истеъфо дод.

Раиси Маҷлиси намояндагони Конгресс, узви Ҳизби демократ Нэнси Пелоси аз ноиби президент Майк Пенис талаб карда, ки Трампро аз қудрат дур кунад. Дар акси ҳол, Пелоси таҳдид кард, ки мурофиаи импичментии Трампро оғоз мекунад.

Бо вуҷуди он ки мондани Трампро дар қудрат рӯзҳои башумор монда, ки салоҳияти расёсатҷумуҳрияш дар 20 январ пас аз савгандёкунии президенти тозаинтихоб Ҷо Байден ба охир бирасад, аммо Маҷлиси намояндагони Конгерсси Амрико қасд дорад аз муовини Трамп Майк Пенис тибқи моддаи ислоҳии 25-ум Қонуни асосӣ ба иситеъфо равона кардани Трампро талаб кунад.

Ненси Пелосӣ ҳамзамон ибрози умедворӣ карда, ки Трамп худаш истеъфои зудҳангомашро эълом кунад ва салоҳиятҳояшро ба Пенис бисупорад. Трамп ягона расиҷумуҳри Амрикост, ки масъалаи импичменташ дубора матраҳ мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҳуҷуми тарафдорони Трамп ба Конгресси Амрико, 4 нафар кушта шуд

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Трамп расман ба даст доштан дар ҷинояти нав муттаҳам шуд

Доналд Трамп, собиқ раисҷумҳури Амрико аз сӯи Вазорати додгустарии ин кишвар дар парвандаи нигаҳдории асноди маҳрамонаи давлатӣ пас аз поёни давраи президентияш муттаҳам мешавад.

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.