Вакилони мардумии Амрико дар ҷаласаи муштарак дар Конгресс натиҷаҳои орои ҳайатҳои интихоботиро тасдиқ карданд ва ҳамингуна Ҷо Байден пирӯзи интихоботи президентии ИМА дар рӯзи 3-уми ноябр эълон шуд.
Натиҷаҳои ин ҷаласа бояд баҳсро дар бораи он ки кӣ расман барандаи интихобот аст, хотима бахшад.
Ҷаласаи муштараки палатаҳо, ки рӯзи чоршанбе оғоз ёфт ва шаби панҷшанбе ба поён расид, бинобар эътирози аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ дар робита ба натиҷаҳои интихобот дар якчанд иёлот ду маротиба қатъ карда шуд.
Рӯзи чаҳоршанбе, намояндаи ҷумҳурихоҳ Пол Госар, узви Маҷлиси Намояндагон аз Аризона, зидди тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар ин иёлот баромад кард ва ӯ ҳамроҳ бо 60 ҳамкораш эътироз баён кард. Эътирози ӯро сенатор Тед Круз (ҷумҳурихоҳ аз Техас) дастгирӣ намуд.
Рӯзи панҷшанбе, пас аз нимашаб ба вақти маҳаллӣ, ҷумҳурихоҳон барои натиҷаи интихобот дар Пенсилвания бори дигар эътироз карданд. Ташаббускори эътироз намояндаи ҷумҳурихоҳ Скотт Перри буд, ки онро 80 нафар ҳамкоронаш дастгирӣ карданд.
Сенатор Ҷош Хоули (аз Миссури) низ ба тарафдории ӯ сухан гуфт. Дар ҳарду ҳолат, эътирозҳо ҳам аз ҷониби Сенат ва ҳам аз палатаи намояндагон рад карда шуданд. Ҳамзамон на танҳо демократҳо, балки аъзои ҳизби ҷумҳурихоҳ низ ба ин эътирозҳо раъйи мухолиф доданд.
Тартиби ҷамъбасти натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА якчанд ҳафта тӯл мекашад. Трамп дар тӯли ин ҳафтаҳо шикасти худро эътироф накард ва ба додгоҳ муроҷиат кард, ки натиҷаҳои шумориши овозҳоро дар чанд иёлот бознигарӣ кунанд.
Ҷаласаи муштараки Сенат ва Палатаи намояндагон оид ба тасдиқи натиҷаҳои интихобот дар бинои Конгресс дар теппаи Капитолий дар Вашингтон соати 21:00 ба вақти Маскав оғоз ёфт. Дарҳол он бо сабаби эътирозҳои ҷумҳурихоҳон ба ҳисоби овозҳо аз вилояти Аризона қатъ карда шуд.
Баъд аз ин Конгресменҳо ба монеаҳои ҷиддитаре дучор шуданд. Тақрибан пас аз як соати оғози мулоқот, садҳо ҷонибдори Трамп ба бино ворид шуданд. Маҷлис қатъ карда шуд ва конгресменҳо аз дохили толор бароварда шуданд.
Эътирозгарон чор соат дар дохили он монданд. Онҳо ба утоқи раёсат ва утоқҳои кории сенаторон ва аъзои палатаи намояндагон ворид шуданд. Дар задухӯрдҳо дар дохили бинои Конгресс як зан тир хӯрда кушта шуд.
Дар маҷмӯъ, бино ба маълумоти полиси музофоти Колумбия, дар вақти бетартибӣ чор нафар ҳалок шуданд, 14 корманди полис ҷароҳат бардошта, зиёда аз 50 нафар боздошт шуданд. Бомбаҳои худсохт дар наздикии қароргоҳи ҳизбҳои демократ ва ҷумҳурихоҳ, ки дар наздикии бинои Конгресс ҷойгиранд, ёфт шуданд.
Дар пойтахти ИМА то 21 январ ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Эътироз чанд соат баъд аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп дар назди тарафдоронаш дар Кохи Сафед суханроние кард ва аз онҳо хост, ба самти Капитол раҳпаймоӣ кунанду хашми худро аз ҷараёни интихобот баён намоянд. Ӯ ба тарафдоронаш гуфт, ки ба мақомоти интихоботӣ фишор биёранд ва “биҷанганд” то натиҷаҳоро беэътибор кунанд.
Пас аз чанд соат тартибот барқарор карда шуд. Амалиёти раҳоии бино аз тазоҳуркунандагон аз ҷониби Гвардияи миллӣ анҷом дода шуд. Президенти тозаинтихоби ИМА Байден ин рӯйдодҳои Вашингтонро ва ҳамла ба Капитолийро “ҳамлаи бесобиқа ба демократия” ва исён номид.
Бо таъйиди натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Конгресс муҳлати президентии Трамп камтар аз ду ҳафта боқӣ мондааст. Маросими савгандёдкунии Байден бояд рӯзи 20 январ дар ҳамон теппаи Капитолий баргузор шавад. Бо вуҷуди ин, дар Иёлоти Муттаҳида, ҳатто пас аз тасдиқи натиҷаҳои интихобот аз ҷониби Конгресс, на ҳама боварӣ доранд, ки президент Трамп омода аст таслим шавад.
Худи Трамп пас аз тасдиқи пирӯзии Байден аз ҷониби Конгресс, зимни як изҳорот ваъда дод, ки интиқоли қудратро “ба таври лозима” рӯзи 20 январ анҷом хоҳад дод, гарчанде ки ӯ бори дигар такрор кард, ки ба натиҷаҳои интихобот розӣ нест.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Доналд Трамп Кохи Сафедро тарк мекунад?