17.9 C
Dushanbe

Дар шохиси нави иқтисодӣ Тоҷикистон чанд зина боло рафтааст

Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” 21 зина боло рафтааст. Гуфта мешавад, ин радабандӣ ҳамасола аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи “The Wall Street” нашр мешавад.

Ин дафъа Тоҷикистон дар миёни 186 кишвари дунё дар мақоми 134-ум қарор дорад. Тоҷикистонро имсол низ аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат ба гурӯҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд.

Дар “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”-и соли гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 155 ва қабл аз он дар мақоми 122 қарор дошт.

Пажуҳишгоҳи “Heritage Foundation” мегӯяд, дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 3 хол зиёд шуд. Ҳамин тариқ Тоҷикистон аз 100 хол, 55,2 холро соҳиб гаштааст.

Тибқи ин гузориш дар байни 40 кишвари Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором Тоҷикистон мақоми 42-юмро ишғол намуда, нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле паст мебошад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар пайи пандемияи коронавирус иқтисоди Тоҷикистон танҳо 1 дарсад поин рафтааст.

Таҳиягарони гузориш тавсия додаанд, ки Тоҷикистон барои ба даст овардани озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ намуда, дар бозори меҳнат ислоҳот гузаронад ва барои сармоягузорӣ муҳити мусоид фароҳам оварад.

Ба гуфтаи гузоришгарон аз ҳисоби воридшавии маблағи муҳоҷирон аз Русия, сармоягузорӣ ва содироти канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб ва руҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Дар раддабандии “Heritage Foundation” аз кишварҳои пасошуравӣ Эстония-8, Гурҷистон-12, Литва-15, Латвия-30, Қазоқистон-34, Арманистон-32, Озарбойҷон-38, Қирғизистон-78, Молдова-87, Белорус-88, Русия-94, Ӯзбекистон-108, Украина-127 ва Туркманистон дар мақоми 167-ум қарор дорад.

Тибқи ин радабандӣ Сингапур, Зеландияи Нав ва Австралия аз озодтарин, Куба, Венесуела ва Кореяи шимолӣ маҳдудтарин кишварҳо ба шумор мераванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Идомаи “рейд”-и муҳоҷирон дар Русия

Ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия...

Боздошти собиқ раиси Тоҷик-Эйр

Мақомоти Тоҷикистон собиқ раиси Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ва ширкати ҳавопаймойи "Тоҷик-Эйр"-ро боздошт кардаанд.

Сиёсати ҷанг ё идораи об?

Дар натиҷаи набардҳои ба вуҷуд омада дар минтақаҳои ҳаммарзи Афғонистон ва Эрон дасти кам се нафар кушта ва даҳҳо каси дигар аз ду тараф ҷароҳат бардоштанд.

Аз истирдоди як тоҷик ба Душанбе пешгирӣ шуд

28-уми майи соли ҷорӣ аз истирдоди паноҳҷӯи тоҷик Сорбон Абдураҳимзодаи 30-сола аз Варшава ба Душанбе пешгирӣ шуд.