-4.1 C
Dushanbe

Дар соли оянда сокинон дар Хатлон ба кор таъмин мешаванд?

Дар вилояти Хатлон то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 380 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 600 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Хатлон аз 380 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, аллакай 256 иншоот бо 2 ҳазору 759 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки фаъолияти ин корхонаву коргоҳҳо асосан ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ, дӯзандагӣ ва дигар иншоот равона гардидааст.

“Ҳоло дар вилоят 623 корхонаи саноатӣ буда, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли ҷорӣ баистифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағҳои иловагӣ ворид шуданд”, навиштааст, дафтари матбуотии раиси вилояти Хатлон.

Гуфта мешавад, аз 1 январи соли равон ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоӣ мебошад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар масири Душанбе–Чаноқ наздики 30 тарма фаромадааст

Дар натиҷаи бориши барфи зиёд ва фаромадани тармаҳои пай дар пай роҳи Душанбе–Чаноқ муваққатан баста шуд.

Тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар ПМТ

Паймони Миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе аз тағйироти кадрӣ ва сохторӣ дар дохили ин эътилоф хабар додааст.

Шиканҷагаронро ба ҷавобгарӣ мекашанд?

Додситонии шаҳри Душанбе пас аз марги мармузи Мақсудҷон Саидов, бар зидди ду корманди милисаи пойтахт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Пулиси Душанбе аз муноқишаи эҳтимолии ноболиғон пешгирӣ кард

Пулиси шаҳри Душанбе аз сар задани муноқишаи эҳтимолии як гурӯҳ ноболиғон пешгирӣ кардааст.