Дар Тоҷикистон ноболиғон ҳам шиканҷа мешаванд

Дар Тоҷикистон ҳолатҳои истифодаи шиканҷа нисбат ба боздоштшудагони калонсол ва ноболиғон идома дорад.

Тибқи гузориши Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2024 ҳашт муроҷиат ба ин созмон аз истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи мақомот нисбати шаҳрвандон ворид шудааст.

Аз ҷумла, шаш шикоят аз болои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва яктоии дигар аз болои кормандони Ожонсии мубориза бо фасод ва Ожонсии мубориза бо маводи мухаддир.

Тибқи иттилои манбаъ, дар миёни қурбониён — чор мард, як зан ва се ноболиғ буда, нисбаташон боздоштҳои ғайриқонунӣ, латукӯб, шиканҷа бо барқ, таҳдид бо зӯроварӣ ва фишори равонӣ сурат гирифтааст.

Ҳамчунин ин эътилоф ҳолати ба беморхона афтодани баъзе қурбониён, аз ҷумла ҳафт мард ва ду занро сабт кардааст. Осебдидагон аз ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва равонӣ, аз ҷумла дарди дил ва сутунмӯҳра, баланд шудани фишори хун ва аз зарбаҳо ба сар шикоят кардаанд.

Сарфи назар аз иттиҳомоти ҷиддӣ, танҳо нисбат ба се корманди Раёсати корҳои дохилии Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ бо гуноҳи “Аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гузаштан” боз шудааст.

ГУфта мешавад, истифодаи шиканҷа дар зиндонҳо ва ҳангоми боздошту бозпурсӣ аз ҷониби мақомот масъалаи доғ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳашт ҳолати сабтшудаи истифодаи шиканҷа дар нимсолаи аввали соли 2024 танҳо як қисми ками он чизест, ки рух медиҳад. Бисёриҳо аз суҳбат дар бораи шиканҷа аз тарси интиқом аз тарафи мақомот метарсанд.

Созмонҳои ҳуқуқие, ки дар дохили кишвар фаъолият мекунанд, онҳо ҳам аз баррасии парвандаҳои марбут ба шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ ва хешовандони онҳо ҳарос доранд. Ин вазъият муборизаро барои ҳуқуқҳои онҳое, ки мавриди шиканҷа қарор доранд, дар Тоҷикистон боз ҳам душвортар мегардонад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё синни нафақа дар Тоҷикистон тағйир меёбад?

Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар оянда масъалаи боло бурдани синни нафақаро баррасӣ кунад.

ВКД фолбинҳо, фоҳишаҳо ва мизоҷони онҳоро низ ба қайд мегирад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки фолбинҳо, мизоҷон ва наздикони онҳоро ба махзани махсус ворид карда, зери назорати доимӣ қарор медиҳад.

Ду нафар дар Душанбе бо гумони истеҳсол ва паҳн кардани доруҳои қалбакӣ боздошт шуданд

Мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ду нафар бо гумони истеҳсол ва ба муомилот баровардани доруҳои қалбакӣ дар Душанбе хабар доданд.

Ҳафт кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия ва Ватан баргардонданд

Ҳафт кӯдаки тоҷик, ки дар Русия бепарастор монда буданд, 18-уми октябри соли 2026 ба Тоҷикистон баргардонда шуданд.