13.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон чаро ҷилави заминфурӯшӣ гирифта намешавад?

Замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат эълон шудааст ва хариду фурӯши он то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале ончуноне мушоҳида мешавад, талабот ва ҳарфи қонун дар рӯйи коғаз аст.

Азбаски замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат дониста шудааст, масъулияти ҳифз ва сариштаи он  ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот бар дӯши раиси шаҳр ё ноҳия-ба ҳайси намояндаи раисиҷумҳурӣ вогузор шудааст. Ҳуқуқи додани замин, аз ҷумла ҳуқуқ барои сохтмони тамоми намуди иншоот дар замин, шурӯъ аз як дӯкони хурд то нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ,истгоҳи нақлиёт, майдони бозӣ, бозор то хона ва баландошёна дар дасти раиси шаҳр аст.

Фарз кардем агар як сокини деҳа бихоҳад қитъаи замини наздиҳавлигӣ бигирад, санад ва ё сертификати он танҳо дар он сурат қонунӣ хоҳад буд, ки дар он имзои раиси шаҳр бошад. Барои ҳамин дар тамоми амали хариду фурӯши замин, он хоҳ қонунӣ ва хоҳ ғайриқонунӣ масъулият бар дӯши раиси шаҳру ноҳия аст. Зеро ба маҳзи имзои ӯ ва ё бидуни имзои ӯ як шаҳрванд дар фалон қитъаи замин хона андохтаву як пора заминро тасоҳуб кардааст.

Солҳои пеш буд, ки Файзулло Бобохонов-додситони шаҳри Ҳисор ва писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ Додситони кулли Тоҷикистонро, замоне муҳокима мекардандяке аз иттиҳомоти ворида ба ӯ фурӯши ғайримуҷози қитъаи замин ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ буд. Ҳамин чанд рӯзи пеш, ки Баҳром Иноятзода, раиси шаҳри Кӯлоб ва собиқ узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистонро барои 12 сол равонаи маҳбас карданд, ба айни ҳамин иттиҳом фурӯши ғайриқонунии замин буд.

Дар солҳои пеш, аз 2010 ҳам пештар шумораи зиёди мансабдоронро барои савдои замин ба давраҳои гуногун ҳатто барои 25 ҳам равонаи зиндон карда буданд. Чун он нафар  чандин гектар заминро ба садҳо нафар ва он ҳам бо асноди тақаллуби фурӯхта буд.

Лозим ба ёдоварист, ки пажӯҳишгарони як Бунёди амрикоӣ роҷеъ ба фаъолияти низоми қазоияи Тоҷикистон дар соли 2017таҳқиқоте доир ва маълум карда буданд,ки беш аз 35% -и муҳокимаҳои додгоҳӣ марбут ба савдо ва ё фурӯши ғайриқонунии замин мебошад. Даҳҳо ва шояд ҳам садҳо нафар аз масъулин барои фурӯши замин дастгир ва муҷозот шуда бошанд,ки дар фавқ танҳо аз ду мавриди он ёдовар шудем.

Инро ҳам бояд гӯшнишон созем, ки дар шумори масъулине, ки бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии замин дастгир ва муҷозот шудаанд, бештар кормандони Кумитаи замини шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо мебошанд. Моҳе нест, ки як ё ду нафар аз кормандони маҳз ҳамин Идораи замин бо ҷурми гирифтани ришват боздошт нашаванд.

Дар бархе ҳолатҳо ин нафарон на танҳо бо ришват халос мешаванд,балки дубора дар мақоми худ корашонро идома медиҳанд. Намунаи равшани он ки дар барои шахсияти ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби зиёде нашру пахш шуд, Зокирзода Умед, сардори Кумитаи замини ноҳияи Мастчоҳ аст. Ӯро барои қонуншиканиҳои фаровон вобаста ба тақсим ва фурӯши замин аз кор гирифтанд вале  баъди ҳамагӣ як моҳ ба ҷойи кораш барқарор шуд. Ин ҳодисаи ягона нест. Метавон даҳҳо мисол овард.

Аз сӯи дигар худи мо шоҳид ҳастем, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ бештарини муроҷиати сокинон ба унвони Эмомалӣ Раҳмонов маҳз дар мавзӯи замин ва баҳси вобаста ба замин аст.

Дар муроҷиат ба раиси ҷумҳурӣ мардум бештар аз тақсимоти нодурусти замин, заминфурӯшии интихобии масъулин, вуҷуди фасоду фиреб дар тақсимоти замин, аз онки солҳо боз дар навбат ҳастанду наметавонанд соҳиби қитъаи замин бишаванд вале як нафари “пулдор” ва ё хешу ошнои раис дар як фурсати кутоҳ соҳиби замин мешавад,шикоят мекунанд. Раисони шаҳру ноҳия,ки бидуни шак бо раиси ҷамоат ва воҳиди кишварзӣ ҳамдаст мешаванд,замини мошинсароҳо (гараж), автобаза, селхозтехника ва ғайраро бар ивази пул вале ғайриқонунӣ мефурӯшанд.

Ҳоло агар ин нуктаро ҳам алоҳида таъкид намоем,ки ин ҳама мансабдорҳо:-раиси ноҳия ва шаҳр, сардори Кумитаи замин, раиси ҷамоат, заминсоз ҳамагӣ узви ҲХДТ-ҳизби Президент Раҳмон ҳастанд, ”чаро”-и фурӯши ғайриқонунии замин маълум мешавад.

Маълум мешавад, ки фурӯшофурӯши ғайриқонунии замин, ки дигар дар тамоми қаламрави Тоҷикистон якрангу яксон идома дорад, як кори тасодуфии барои мисол масъулин дар Мастчоҳ нест. Балки ин як сиёсати ҳисобшуда аст ки то худи болои боло медонанд. Медонанд ва кадом табдири мушаххас намеҷӯянд. Вагарна имкон надорад, ки раиси ноҳия медонад,ки бар тибқи қонун фурӯши замин ва махсусан барои манзили зист санад кардани замини обӣ дар пайи ҷазои ҳабс дорад,аммо боз имзо гузорад.

Ба назар мерасад инҷо кадом як дастуре ва ё тавсияву барномае дигар вуҷуд дорад. Чунки такрор ҳам шавад бояд бигӯем, ки бо асноди воқеӣ ва ё бо асноди ҷаълӣ фурӯхтани замин дар саросари кишвар идома дорад. Баъид ба назар мерасад, ки аз ин кор Кумитаи давлатии амнияти миллӣ огоҳ набошад. Ва, бадтар аз ин ҳолатҳое ҳам пеш омадааст, ки як замин ва ё як мошисаро ва ё шипанги собиқи колхозӣ ба ду нафар ҳуҷҷатгузорӣ шуда ва ҳарду ҳам маблағ харҷ кардаанд ва ҳарду ҳам дар даст санади бо имзои нафари масъулро доранд.

Боз ҳам бадтар аз ин ин аст ки ҳоло дар тамоми Тоҷикистон шояд ҳазорон нафари фиребхӯрдаеро вомехуред, ки раиси собиқ барояш санади истифодаи замин ва ё ҳатто сохтани мағоза ва ё манзили истиқоматиро доаасту раиси нав омада онро “анулироват” кардааст. Намунаи равшани инро дар ноҳияи Файзобод метавон мушоҳида кард, ки даҳҳо нафар ҳамин тавр бо асноди раиси собиқ дар даст аммо соҳиби замин намешаванд.

Ҳоло дар инҷо аз онки дар васати биноҳои баландошёнаи шаҳрҳое назири Норак ва ё Конибодом барои сохтмони манзил ва ё дигар иншоот заминҳои барои майдончаи варзишӣ ва ё сайр гаштро тақсим намуданд,дам намезанем. Вале ин ҳама аъмои ғайримуҷоз,ки дақиқан бар асари ришват ва фасод сурат гирифтааст, чаро аз назари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Кумитаи амният пинҳон мондааст, ин суолест, ки ҷавоб мехоҳад. Мутаассифона ин  воқеияти кишвари мо- сарзамини камзамин аст.

Солҳо пш буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷаласаи Шӯрои амният бо лаҳни шадид аз заминфурӯшӣ ва бо коррупсия олуда будани мақомиоти ҳифзи ҳуқуқ ба шиддат интиқод карда буд:

“Худи кормандони прокуратура даст ба коррупсия ва заминфурӯшӣ задаанд. Ба наздикӣ дар Душанбе се корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсияро ҳамроҳ бо прокурор бо ҳамин ҷурм боздошт карданд… Шумо намебинед, намедонед! Чашмҳоро кӯр ва гӯшҳоятонро кар мекунед!”

Аммо чаро бо гузашти солҳо ин вазъ ислоҳ намешавад? Чунки бародари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Абдумумин Ятимов, раиси Идораи хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор яке аз заминдорони калони ноҳия аст ва ӯ ҳам мазореъи панба ва ҳам мазореъи гандуму ҷав ва ҳам замини чарогоҳи ин ноҳияро “хусусӣ” кардааст. Ба мисли ӯ Мурод Сайидови телехи Раҳмон дар ноҳияи Восеъ заминҳои асосиро гирифтааст.

Ҳамин тавр хешу табори Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон ҳам соҳиби заминҳои садҳо гекторианд. Аммо агар ба ҳисоб бигирем, ки Раҳматуллои Саъдулло, яке аз бародарзанҳои Эмомалӣ Раҳмон аксарияти заминҳои Колхозободи собиқро тасарруф кардааст ва бародари дигари занаш Муҳибулло айни корро, яъне заминҳои Шаҳритузу Носири Хусравро тасоҳуб кардааст ва аз инҳо ҳам бештару болотар марҳум Нуриддини дар гузашта трактористи бародари худи Эмомалӣ Раҳмон -феодали Данғара тамоми заминҳои ин ноҳияро бо “Сомонҷон”-у “Раҳмонҷон”-аш тасаллут кардаасту мардуми ин ноҳия ҳоло дар заминҳои онҳо мисли батрак, барои як маошу хуру коркун кор мекунад, парда аз рӯи ин ҳама моҷарои “савдо”-и замин дар Тоҷикистон бардошта мешавад.

Раиси Кумитаи замини ноҳияи Мастчоҳ як вақте дар сари кайф гуфтааст,ки “доля”-и ин заминҳоро то ба Озода Раҳмон ҳам мерасонам. Мо, наметавонем, ин гуфтаи ӯро таъйид ва ё такзиб кунем, аммо ин воқеиятро, ки фурӯши замин ба як манбаи даромади бедардимиёни аз таг то болои ҳукумати Раҳмон табдил шудаастро наметавон инкор кард.

Сорбон Азимӣ, таҳлилгар

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.