25.9 C
Dushanbe

Дар Тоҷикистон ширкати нави мобилӣ фаъолиятро оғоз мекунад

Дар Тоҷикистон як ширкати мобилӣ бо номи “О Mobile” ба фаъолият оғоз мекунад. Гуфта мешавад, ин ширкат 4 таърифа – “Офарин”, “Ошиқӣ”, “Оила” ва “Ориён” пешниҳоди мардум намуда, рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Намояндагони ин ширкат ба “Sputnik” Тоҷикистон  гуфтаанд:  ҳоло ба таври озмоишӣ корро ба роҳ мондаанд ва қарор аст, охири моҳи равон расман ба фаъолияти худ оғоз кунанд.

Намояндаи ширкат гуфтааст: “Ба ин манзур, танҳо Маркази хидматрасонии худро дар шаҳри душанбе боз намудем ва аввалин шумораҳоро манзури муштариён мекунем”.

Тибқи варақае, ки тарофаи “Офарин” муаррифӣ мешавад, он аз чор баста иборат аст – “Офарин – 15”, “Офарин – 5”, “Офарин – 7.5” ва “Офарин – 10” иборат аст. Тибқи он, бастаҳо аз 5 то 15 сомонӣ арзиш дошта, аз 7 то 30 рӯз мӯҳлат доранд.

Намояндагони Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, пас аз расман ба фаъолият шурӯъ кардани ширкат таруфаҳои онро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Вале дар мавриди ин ширкати нав ба кӣ тааллуқ дорад, чизе гуфта нашудааст, танҳо аз мудири кулли он Шараф Маҳмудов ном бурда шуда, ки дар гузашта корманди ширкати “Тисел” будааст. Гуфтугузорҳое буданд, ки ин ширкати мобилии нав ба ширкати «Tcell» вобастааст, вале намояндагони он гуфтаанд, ба “Тисел” ҳеҷ рабте надорад ва танҳо аз таҷҳизоти ин ширкат муваққатан ба таври иҷора истифода хоҳад кард.

Дафтари марказии “O Mobile” дар бинои дафтари марказии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷойгир асаст. Дар Тоҷикистони «O Mobile» пас аз “Тисел”, “Мегафон”, “Z – мобайл” ва “Вавилон – Т” панҷумин ширкати мобилии  хоҳад буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.