18.9 C
Dushanbe

Дар Волгоград ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро пайдо карданд

Дар вилояти Волгогради Русия ҷасади шаш шаҳрванди Тоҷикистон пайдо шуд. Дар ин бора 26-уми январ расонаҳои русӣ бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин вилоят хабар медиҳанд.

Мувофики маълумоти пешакӣ ин мардҳо, муҳоҷирони кории тоҷик буда, дар яке аз хоҷагиҳо дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд.

Ҷасадҳо аз гармхонае дар ҳамин ноҳия пайдо шуда, тибқи маълумоти пешакӣ муҳоҷирон аз дуд заҳролуд шудаанд.

Дар ҷойи ҳодиса кормандони ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд ва сабаби дақиқи ин ҳодисаро муайян мекунанд.

Гуфта мешавад, ҳоло ҷасадҳо барои ташхиси судӣ фиристода шудаанд.

Бо пайдо шудани маълумоти бештар хабар такмил мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.

Амрико оташбас бо Эронро боз тамдид кард

Шоми рӯзи 21-уми апрел раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп оташбас бо Эронро тамдид кард, вале муҳлати онро муайян накард.

Amnesty International аз марги маҳбусон, шиканҷа ва саркӯб дар Тоҷикистон гуфт

Созмони ҳуқуқии Афви байнулмилал ё Amnesty International вазъи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон нигаронкунанда номидааст.