Фаврӣ! Даргирӣ байни Толибони узбеку паштун

Дар шаҳри Майманаи вилояти Фориёби Афғонистон мардум ва ҳаводорони Махдум Олим, яке аз фармондеҳони узбектабори ин шаҳр бар зидди Толибон қиём карданд.

Акси марбут

Нақибулло Фоиқ, волии пешини Фориёб ба “Афғонистон интернешнал” гуфтааст, ки тамоми шаҳр дар контроли узбектаборон даромада ва Толибони паштун халъи салоҳ шудаанд.

Ин даргирӣ баъд аз боздошти Махдум Олим дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон рух додааст. Махдум Олим худ яке аз фармондеҳони машҳури узбектабори Толибон аст, ки боздошташ эътирози узбектаборонро дар пай дошт ва мунҷар ба шӯриши онҳо дар шаҳри Маймана гардидааст.

Дар наворҳе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки мардуми маҳал бо забони узбекӣ суҳбат мекунанд ва идао доранд, ки шаҳр дар ихтиёри онҳост ва парчами Толибон низ поин оварда шуда, дар ивазаш парчами Афғонистон бардошта шудааст.

Дар 5 моҳи ахире, ки Толибон дар Афғонистон қудратро дар даст доранд, ин аввалин шӯриши мардумӣ дар яке аз шаҳрҳои Афғонистон дар баробари Толибон мебошад, ки муваффақ ба тасфияи шаҳр аз Толибон гаштаанд.

Дар ҳамин ҳол Амруллоҳ Солеҳ, собиқ муовини раисҷумҳури Афғонистон эътирози мардум дар Форёб алайҳи Толибонро табрик гуфт ва барои мардуми ин вилоят орзуи муваффақият кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.