Даргирии Толибон бо марзбонони Тоҷикистон

Байни нерӯҳои Толибон ва марзбонони тоҷик дар шимоли Афғонистон дар нуқтаи марзии Шерхон-Бандар даргирии мусаллаҳона сурат гирифтааст.

Расонаи “Афғонистонинтернешл” бо такя ба манобеаш хабар дод, ки даргирӣ пас аз танишҳои лафӣ байни нерӯҳои Толибон ва марзбонони Тоҷикистон рӯй дода, аввал Толибон тир кушодаанд.

Гуфта мешавад, ин даргиӣ чаҳор соат идома ифта, аз талафоти ҷонӣ ва ё захмиёни он маълумоти дақиқе нашр нашудааст.

То ҳол ин хабар аз ҷиҳатҳои расмӣ тасдиқи худро наёфтааст ва мақомоти ду кишвар ҳам расман дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки 7-уми майи соли ҷорӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон 4 мушаки BM-1 партоб шуд, ки баъдан масъулияти онро ДИИШ ба дӯш гирифт. Аммо нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 9-май хабар доданд, ки ин мушакҳо аз кишвари ҳамсоя дар натиҷаи даргирӣ байни нерӯҳои Толибон ва ДИИШ дар ноҳияи Хоҷағори вилояти Тахор тасодуфан ба хоки Тоҷикистон партоб шудааст.

Аммо шохаи Хуросони гурӯҳи террористии ДИИШ бо интишори паёме таъкид кард, ки нерӯҳояш манотиқи марзии Тоҷикистонро бо 7 мушаки (Катюша) мавриди ҳамла қарор додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.