21.9 C
Dushanbe

Дархости 25 соли зиндон ба Мамадшоева ва умрбод ба Холбашов

Айбдоркунандаи давлатӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки собиқ сардори Раёсати нерӯҳои марзбонии ВМКБ Холбаш Холбашов ба ҳабси абад ва рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева ба 25 соли зиндон маҳкум карда шаванд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мурофиаи додгоҳии Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз рӯзи 3-уми август пушти дарҳои баста идома дорад.

Ба навиштаи манбаъ, додгоҳ бояд ҳукми Холбашов ва Мамадшоеваро рӯзи 12-уми август эълон мекард, вале онҳо тафтиши парвандаашонро ноодилона дониста, хостанд онро одилона таҳқиқ кунанд. Ба ҳамин хотир эълони ҳукм ба таъхир гузошта шудааст.

Мақомот онҳоро дар ташкили ошӯб дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ ва Рӯшон муттаҳам мекунанд. Аммо худи онҳо ва наздикону пайвандонашон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Парвандаи онҳоро Додситонии кул ва КДАМ таҳқиқ карда, нисбати Улфатхоним Мамадшоева бар асоси ҳашт моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла “даъват барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ” ва нисбати Холбаш Холбашов бар асоси 11 модда аз ҷумла бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, ташвиқи ҳамла ба кормандони низомӣ ва сарнагун кардани ҳукумат парванда боз шудааст.

Холбаш Холбашов собиқ сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ВМКБ дар як рӯз – 18 майи cоли ҷорӣ бо ҳамсари собиқаш, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева боздошт шуданд. Мақомот Холбашовро “яке аз раҳбарони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” дар ноҳияи Рӯшон номидааст. Аммо ба гуфтаи бархе аз наздикони генерали мустаъфӣ, ӯ то замони боздошт дар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хизмат кардааст.

Ҳамроҳ бо Холбаш Холбашов мақомоти қудратӣ 78 сокини дигари Рӯшонро боздошт намуда, ба Душанбе оварданд.

Ёдовар мешавем, ки шабакаи телевизиони давлатии “Тоҷикистон” рӯзи 24 май ду маротиба филми ба ном мустанадеро дар бораи рӯйдодҳои ВМКБ намоиш дод, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов, мегӯянд, ки “аз ҳодисаҳои рухдода пушаймонанд ва аз мардуми Хоруғу Рӯшон ва Роштқалъа маъзарат мехоҳанд”.

Баъдан Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашов дар мурофиае гуфтаанд, ки шаҳодати онҳо зери фишори кормандони ҳифзи ҳуқуқ дода шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.