Дархости кумак ба Чоршанбе Чоршанбиев дар зиндон

Бархе сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо баргузории як иқдом мехоҳанд бо ҷамъоварии кумакҳо ба Чоршанбе Чошанбиев дар зиндон кумак кунанд.

Рӯзноманигор Анора Саркорова дар саҳфаи фейсбукиаш хабар дода гуфтааст, ки “оилаи варзишгар Чоршанбе Чоршанбиев ба ёрии маънавӣ ва моддии мо ниёз дорад. Маблағ, пеш аз ҳама, барои пардохти хароҷоти нақлиёт, харидани озуқаворӣ ва колоҳои зарурӣ барои Чоршанбе равона мешаванд.”

Хонум Анора Саркорова меафзояд, айни замон падари Чоршанбе дар шаҳри Душанбе ҳузур дорад ва мо хуб медонем, ки “ҳар касе бо ин режим дучор омадааст, медонад, ки ин (боздошт, нигаҳдорӣ дар СИЗО ва зиндонӣ шудан дар Тоҷикистон) як тиҷорати хеле гаронарзиш аст ва аксар вақт барои хешовандон хеле душвор тамом мешавад”.

6-уми декабри соли 2021 додгоҳе дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиевро “тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (Вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё реҷаи буду бош (иқомат) дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд) гунаҳкор дониста,” ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кардандаст.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз вуруди Чоршанбе Чоршанбиев билофосила ӯро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” ва “тарғиби сокинон ба тағйири сохти конститутсионӣ” боздошт ва сипас ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) интиқол доданд.

Чоршанбе Чоршанбиев зодаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки аз синни кӯдакӣ ба варзиш машғул буда, аз соли 2016 ба ин сӯ ба таври касбӣ ба варзиш дар намуди муҳорибаҳои омехта (ММА) шуғл меварзад. Вай дар парвандаи муҳорибаҳои омехтааш 7 рақобат дошта, дар чор тои онҳо ғалиб омадааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳуши маснуъӣ – абзори нави давлати Тоҷикистон дар саркӯби мухолифин?

Ба назар мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳуши маснуъиро ҷойгузини на танҳо барои Интерпол, балки барои муфаттишони бесавод низ пайдо кардаанд.

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.