13.9 C
Dushanbe

Давлати мустақил аз шаҳрвандони мустақил таркиб меёбад

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи хориҷ аз кишвар, мегӯяд, давлат вақте соҳибистиқлол дониста мешавад, ки шаҳрвандонаш озод бошанд ва мафҳуми озодиро дарк кунанд.

Ба муносибати Ҷашни Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми сентябр Намояндагии Паймони миллии Тоҷикистон дар Лаҳистон мизи гирде бо номи “Дарки моҳияти Истиқлол” бо ҳузури коршиносон ташкил кард.

Дар ин нишаст Алим Шерзамонов, муовини раиси ПМТ гуфт, имрӯз Ҳукумати Тоҷикистон, ки худро соҳиби ин дастоварди давлатӣ мешуморад ва ҳамасола онро бодабдабаи хос ҷашн мегирад, вале онҳоеро, ки дар ба даст овардани Истиқлоли Тоҷикистон саҳми асосӣ доранд ва солҳои 90-уми асри гузашта бо нидои озодихоҳӣ ба майдонҳо рехтанд ва раҳои кишварро аз зери султаи Шӯравӣ талаб карданд, “тавҳин мекунанд ва ҳатто онҳоро муттаҳам мекунанд, ки шумо будед Шӯравиро барҳам додед ва сабаби ҷанги шаҳрвандӣ шудед.”

Муовини раиси ПМТ бар ин назар аст, ки давлати мустақил аз шаҳрвандони мустақил ва озод таркиб меёбад “Ва модоме ки шаҳрвандон мустақиланд, онҳо бояд аз ҳама пеш аз шарафу иззати инсонии худ дифоъ кунанд ва нагузоранд ин иззату шарафи инсонии онҳо паст зада шавад.”

Ба гуфтаи Шерзамонов, давлатҳое, ки дар давлатдории худ баъди ба даст овардани Истиқлол новаффақанд шуданд ва мушкилоти иқтисодӣ солҳост онҳоро домангир кардааст, аз ҷумла Тоҷикистон, табиист, ки шаҳрвандонаш баргашти замони шӯравиро орзу мекунанд ва Истиқлол барои онҳо ҳеч арзише надорад, “ва мегӯянд, ки кош ҳамон Шӯравӣ аз нав барқарор мешуд ва мо бо он неъматҳое, ки Шӯравӣ дошт бо он дар неъмат мезистем”.

Ҳамзамон дар ин нишаст Азимҷони Ваҳҳоб, таҳлилгар ва узви Раёсати олии ҲНИТ таъкид кард, ки мақомдорони имрӯзаи Тоҷикистон ҳеч нақше дар ба даст овардани Истиқлоли давлатии кишвар надоранд.

“Мутаассифона, ман дар ин ҷо агар бигӯям, ки инҳо ҷинояткороне ҳастанд, ки Истиқлоли Тоҷикистонро ба хоку хун кашиданд, иштибоҳ намекунам.”, мегӯяд Ваҳҳобов.

Ба гуфтаи ин таҳлилгари масоили сиёсӣ, ҳукумати феълӣ аз худи Раҳмонов шуруъ карда бо тамоми аъзои он на ин ки ҷонибдори Истиқлол буданд, балки мухолифи он буданд. Ва ҳатто онҳое, ки дар Эъломияи истиқлоли кишвар имзо гузошта буданд, ин тоифа онҳоро ба қатл расондаанд.

Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар Тоҷикистон озодиҳои ҳуқуқи инсон дар поёнтарин сатҳ қарор дорад, “бинобар ин, метавонам бигӯям, ки мо танҳо дар шакл як кишваре дорем, ки ҳамчун кишвари мустақил узви Созмони Милали Муттаҳид ҳаст, вале дар дигар ҷандаҳо кишвари мустақил надорем. На аз назари сиёсӣ ва на иқтисодиву дигар ҷанбаҳо.”

Ҳамчунин Исломҷон Сайидов, намояндаи ПМТ дар Лаҳистон иброз дошт, ки миллати тоҷик ба истеқлоли воқеӣ нарасидааст ва ҳоло ҳам талош дорад, ки ба як истиқлоли комил даст ёбад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳиҷрати аҳолии Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ва ин қатлу куштору зиндонӣ карданҳое, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳад, баёнгари ин гуфтаҳост.

Ба гуфтаи Сайидов, аз нигоҳи таҳлили ҷомеашиносӣ ба он хотири истиқлоли комилро то ҳол ба даст наовардаем, ки чун “ҳоло мардум ба воситаи як гурӯҳи ҷиноятпеша дар ҳолати ғуломӣ нигоҳ дошта мешаванд”.

“Ҳукуматдорони мо имрӯз мехоҳанд мардумро дар атрофи як шахс ҷамъ кунанд. Ин ба хотири набудани як фикр ва идеяи миллӣ аст.”, мегӯяд намояндаи ПМТ дар Лаҳистон.

Абдуллоҳ Мағзумов, рӯҳонӣ ва узви ҲНИТ аз заҳамоти Тоҳир Абдуҷабборов барои ба даст овардани Истиқлол сухан гуфта, афзуд, ки ӯ он замон аз алфози ноби форсӣ-тоҷикӣ истифода мекард, ки ҳукуматдорон суханҳои ӯро дарк намекарданд. Зеро аксари сиёсиёни он замон бо забони омехтаи тоҷикиву русӣ суханронӣ мекарданд.

“Тоҳир Абдуҷабборов бо талошу заҳматҳои зиёд ва ҷасорату мардонагӣ тавонистанд, ки Истиқлолиятро ба миллат бидиҳанд, агарчи дар қонун ва коғазҳо ҳам бошад”, аммо ин Истиқлол ба дасти шахсони нолоиқ афтод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.