21.9 C
Dushanbe

Дидори падар ва бибии Чоршанбе бо ӯ дар СИЗО

13-уми январи соли ҷорӣ падар ва бибии варзишгари шинохтаи тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) бо ӯ  дидорбинӣ доштанд.

Дар ин бора фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Музаффар Имомдодов бо пахши наворе дар саҳфаи фейсбукии худ хабар дод.

Дар навори видеоӣ Авазхон Паҳлавонов, падари Чоршанбе мегӯяд, вазъи саломатӣ ва ҷойи нигаҳдошти писараш хуб аст ва ҳатто барои тамрин барояш толори варзишӣ низ додаанд. Дар идома падари Чоршанбе мегӯя, “касе ӯро шиканҷа накардааст ва ҳолаташ хуб мебошад. Ҳоло тафтишот идома дорад ва мо низ намедонем, ки чӣ гап мешавад.”

Дар идомаи ин навор худи Музаффар Имомдодов суҳбат намуда, аз мардум даъват мекунад, ки ба суханони бардурӯғ дар мавриди нигаҳдошти Чоршанбе ва шиканҷаи ӯ бовар накунанд.

Ба назари огаҳони умур дар бисёр ҳолатҳо наздикони маҳбусон аз тарси оне, ки фишор болои наздиконашон дар дохили боздоштгоҳ бештар нашавад, аз гуфтани хабари шиканҷа шудани онҳо худдорӣ мекунанд. Ва шиканҷа шудани ашхосе ба монанди Чоршанбе аз эҳтимол дур нест.

6-уми декабри соли 2021 додгоҳе дар Маскав Чоршанбе Чоршанбиевро “тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (Вайрон кардани қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия ё реҷаи буду бош (иқомат) дар Федератсияи Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд) гунаҳкор дониста,” ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кард.

Мақомоти Тоҷикистон пас аз вуруди Чоршанбе Чоршанбиев билофосила ӯро дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” ва “тарғиби сокинон ба тағйири сохти конститутсионӣ” боздошт ва сипас ба СИЗО-и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) интиқол доданд.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш  Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки Чоршанбе Чоршанбиев бо се вакили дифоъ таъмин шуда, вакилон бо ӯ мулоқот кардаанд. Чоршанбиев чанд дафъа хаттӣ ва даҳонӣ иттиҳоми эълоншударо рад кардааст ва гуфтааст, ки мақсадаш ҳеҷ гоҳ даъват ба зӯран гирифтани ҳокимият набуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.