Агроинвестбонк вазифадор гардидааст, ки ба ширкати ҳонконгии “Супер Перфект Инвестмент ЛТД”, 24,5 миллион доллар пардохт кунад.
Ин ҳукмро Додгоҳи федеролӣ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико содир кардааст, ки аз ҳисоби “Агроинветсбонк”-и Тоҷикистон ба фоидаи ширкати ҳонконгии “Супер Перфект Инвестмент ЛТД” 24,5 миллион доллар ситонда шавад.
Додгоҳ ин ҳукмро 25-уми августи имсол дар Ню-Йорк содир кардааст ва хулосаи он рӯзи 8-уми сентябр дар расонаҳо интишор гардид.
Ҷеси Фурман додраси ин додгоҳ ба пойгоҳи иттилооти Law360.com гуфтааст, “Агроинвестбонк” то 17-уми август муҳлат дошт, мавқеи худро дар ин робита ба додгоҳ фиристад, “то ин сана ҷониби ҷавобгар ба даъво посух надод” ва аз ин рӯ додгоҳ ба нафъи ширкати “Супер Перфект Инвестмент ЛТД” ҳукм содир кард. Ширкати (Alois Schönberger) Алоис Шоенбегер дар Ҳонконг сабтином шудааст, ба соҳибкори австриягӣ тааллуқ дорад.
Тайи чанд сол аст, баҳс байни Агроинвестбонк ва Шоенбергер идома дошт, қаблан низ як додгоҳи швейтсарияӣ ҳукм карда буд, ки бонки тоҷикистонӣ 19 миллион доллар уҳдадорӣ ва ҷаримаҳоро ба ширкати ин соҳибкор пардохт кунад, вале додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи ҳакамии Швейтсарияро ба назар нагирифта буд, Шоенбергер ва вакилони дифояш муаяйн кардаанд, ки дар Сити-Бонки Амрико шаҳри Ню-Йорк “Агроинвестбонк” суратҳисоб дорад, баъдан ба Додгоҳи Ню-Йорк шикоят бурданд.
Додгоҳи федоролии Ню-Йорк бо такя ба ҳукми додгоҳи ҳакамии Швейтсария амр дод дааст, ки нуқтаҳои ҳалнома ба таври иҷбори иҷро шавад.
Ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки суратҳисоби “Агроинвестбонк” дар Сити-Бонки Амрико ҳабс шуда, маблағҳои он ба нафъи ширкати “Супер Перфект Инвестмент ЛТД”-и Шоенбергер ситонда мешавад.
Агроинвестбонк , ки бештари саҳмияҳояш ба давлат таалуқ дорад, маълум нест, дар суратҳисобаш чанд қадар маблағ ҳаст.
Ин дар ҳолест, ки “Агроинвестбонк” дар Тоҷикистон ба буҳрон гирифтор аст, солҳост шаҳрвандон наметавонад, ки пасандозҳояшонро аз ин бонк дастрас кунанд, вале дар хориҷи кишвар суратҳисоб доштааст.
Ҳамчунин ширкати Шоенбергер ва ширкати “Супер Перфект Инвестмент ЛТД” ба додгоҳ ва ё Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистон даъво кардаанд.
Дар нусхаи шикояти ин ширкат, ки расонаҳо нашр карданд, суроғаи Қасри Миллат, кӯчаи Шерозӣ 11 ва Дастгоҳи иҷроияи президент, кӯчаи Рӯдакӣ 80 ҳамчун “ҷавобгар” зикр шудааст. Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, ки дар назди Бонки Ҷаҳонӣ амал мекунад, аз салоҳиятҳои васеъ бархурдор аст. Дар сурати ба нафъи Шоенбергер содир шудани ҳукм дар ин марказ, уҳдадориву товони “Агроинвестбонк”, ки мувофиқи ҳукми Додгоҳи ҳакамии Швейтсария ҳар сол 18 дарсад мефазоянд аз дороиҳои Тоҷикистон дар саросари дунё рӯёнида мешавад.
Манучеҳр Қудратов, ба радиои Озодӣ гуфтааст: “нодида гирифтани чунин баҳсҳо дар додгоҳҳои байналмилалии ҳакамӣ тасмими дуруст нест. “Дар сурате ки Тоҷикистон чунин ҳукмҳоро дидаву дониста иҷро накунад, ба обрӯи давлат ва иқлими сармоягузории кишвар латма ворид мекунад. Сармоягузорӣ ба кишвар кам мешавад, чун сармоядорон ба кишвар дигар эътимод намекунанд”.
Ин баҳс замоне оғоз гардид, соли 2013 Ширкати Шоенбергер бо ширкати “Леваканд- М” дар Тоҷикистон барои харидани 20 ҳазор тонна метри кубӣ пахта шартнома баста ва 5 миллиону 367 ҳазор доллар интиқол додааст, аммо “Леваканд- М” пахтаи ваъдагиро нафиристодааст, кафили ин муомилаи тиҷоратӣ “Агроинвестбонк” интихоб буд. Бар асоси созиш, дар сурати иҷро нашудани қарордод “Агроинвестбонк” бояд 11 миллион доллар ҷуброн пардозад.
Баъди иҷро нашудани қарордод дар муддати як сол, ширкати австриягӣ аз “Агроинвестбонк” талаб кардааст, ки 11 миллион доллар кафолати иҷрои қарордодро бипардозад, аммо бонк аз пардохтани ин пул сарпечӣ кардааст. Ин аст, ки соҳибкори австриягӣ барои ситонидани ин пул ба додгоҳи ҳакамии Швейтсария ва ҳамакнун Ню-Йорк муроҷиат карда, ғолиб омад.
Раиси Агроинвестбон Муродалӣ Алимардон дар номаи расмӣ ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) навиштааст, ин баҳси иқтисодии ду ширкат аст ва “Агроинвестбонк” ҳеч гоҳ худро ҷузъи баҳс намешуморад”.