5.9 C
Dushanbe

Додгоҳи Душанбе писари Саидқиёмиддини Ғозиро ба 13 соли зиндон маҳкум кард

Дар акс марҳум Саидқиёмиддини Ғозӣ, ки дар ошӯби зиндони ш. Ваҳдат кушта шуд: аз видео

Додгоҳи шаҳри Душанбе Саидмуҳаммади 44-сола писари Саидқиёмиддини Ғозиро паси дарҳои баста бо иттиҳоми “фаъолият намудан ба манфиати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар охири солҳои 90-ум” айбдор намуда барои 13 сол равонаи зиндон намуд.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 3-юми ноябр гуфтанд, ки ба сабаби паси дарҳои баста гузаштани мурофиа “ҳаққи додани ягон маълумотро надоранд”.

Радиои Озодӣ аз қавли як манбааш навишта, ки “Саидмуҳаммади Саидқиёмиддинро ба он айбдор кардаанд, ки дар охири солҳои 90-ум дар фиристодани чанд ҷавон барои таҳсил ба Эрон ва гирифтани раводид ба онҳо мадад кардааст.”

Гуфта мешавад, парвандаи писари Қиёмиддини Ғозӣ бар асоси қисми яки моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ин банди қонун то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Мақомот худи Саид Қиёмиддини Ғозиро соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир намуда, бо се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон:

“барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ”, “хиёнат ба давлат” ва “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ”, айбдор дониста, барои 25 сол равонаи зиндон намуда буд, вале тобистони соли гузашта дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат кушта шуд.

Наздикони Қиёмиддини Ғозӣ иттиҳомити эълоншуда алайҳи ӯро рад карда буданд ва мегуфтанд, ки номбурда ба ин ҷиноятҳо даст надорад. Инчунин имрӯз ҳам пайвандони Қиёмиддин иттиҳомоти писараш Саидмуҳаммадро низ рад карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба Тоҷикистон наомад

Ҳамлагари шинохтаи пуртуғолӣ ва бозигари бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ Криштиану Роналду ба Душанбе наомад. 

Арабистон $100 миллион ба Тоҷикикстон қарз медиҳад

Фонди Саудии Рушд барои идомаи сохтмони тарҳи Нергуҳои барқи...

Вокунишҳо ба шиканҷаи навраси ноболиғе дар Душанбе

Сабти навори шиканҷаи навраси ноболиғе дар шаҳри Душанбе мавҷи вокунишҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст, вале мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистон

Масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.