Додситонии ҳарбии вилояти Хатлон тафтиши парвандаи чаҳор сарбозе, ки дар марги ҳамхизматашон Рамазон Зоиров дар қисми низомии "87740"-и Вазорати мудофиа гумонбар дониста мешуданд, ба анҷом расонидааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ин чор сарбоз ба “суистифода аз мақоми хизматӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва вайрон кардани қоидаҳои оиномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ” муттаҳам дониста мешаванд. Худойназар Ортиқов вакили мудофеи хонаводаи Рамазон Зоиров аз додгоҳ талаб дорад, ки ба парвандаи онҳо моддаи “шиканҷа”-ро низ илова кунанд, чун  ин чор сарбоз Рамазонро шиканҷа намудаанд, то як гуноҳро бар душ гирад, мегӯяд вакили мудофеъ.

Дархости вакили мудофеъ дар додситонии ҳарбии вилояти Хатлон дар ҳоли баррасӣ аст. Рамазон Зоировро соли гузашта ба хизмати ҳарбӣ бурдаанд ва ӯ дар қисми низомии "87740"-и Вазорати дифоъ дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон хидмат мекард. Ҷасади ӯро моҳи июли ҳамин сол ба хонаводааш дода гуфтанд, ӯ ҳангоми бозӣ бо силоҳ ногаҳон ба худ тир зад ва дар роҳ ба бемористони ҳарбӣ фавтидааст. Аммо волидони Рамазон Зоиров ин гуфтаҳоро рад карда буданд.

Он замон наздикони Рамазон гуфта буданд, ҷасадро ба мо супориданду гуфтанд, ҷасад шуста шудааст ва бояд зуд дафн карда шавад, наздиконаш ӯро дубора шустанд ва диданд, ки аз пушти сар тир хурдааст. Пас аз шикояти волидони Рамазон ба Додситони ҳарбӣ, чаҳор ҳамхидмати ӯ дастгир шуда, нисбати онҳо барои ба марг расонидани Рамазон Зоиров парванда кушода шуд. Агар ин иттиҳомот тасдиқи худро ёбанд, ба сарбозони дастгиршуда аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид мекунад.  

Ҳолати марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ бори авввал нест, ки садо медиҳад. Солона даҳҳо тан аз сарбозони қатории қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз вазъияти бади хизмат ва бадрафтории “Дед”-ҳо маъюб мешаванд, ба беморхонаҳо мунтақил меёбанд ва ё ин ки ба ҳалокат мерасанд. Дар бештарин ҳолат мақомот мегӯянд, ки ин сарбозон худ даст ба худкушӣ задаанд.

Масъалаи хидмати ҳарбӣ яке аз мушкилоти муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Гарчанде мақомот мегӯяд, талош дорад сатҳи сифат ва шароити мусоидро барои аскарон фароҳам кунад, аммо хабарҳои зуран тавассути “Облава” рабудани наврасон аз бозору кӯчаҳо ва лату кӯб шудани наваскарон аз ҷониби ҳамхидматонашон, ҳатто ба марг оварда расондани онҳо зиёд нашр мешавад. Ба гуфтаи коршиносон ин ва дигар омилҳо сабаб шудааст, ки мардум намехоҳанд фарзандонашонро ба хидмати ҳарбӣ фиристанд.

Инчунин дар Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ танҳо фарзандони ба қавле мардуми “сатҳҳои поёнӣ” ё мардуми оддӣ мераванд. То ҳол боре нашудааст, ки фарзанди як маснабдор ба хидмати ҳарбӣ рафта бошад.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp , Viber ва Imo ба ин рақам: +48519767404 бифиристед.