30.9 C
Dushanbe

Доштани гувоҳиномаи тиббӣ барои вуруд ба Тоҷикистон ҳатмӣ шуд

Агентии авиатсияи гражданӣ доштани маълумотномаи тиббӣ дар бораи солим будан аз коронавирусро барои вуруд ба Тоҷикистон ҳамтӣ эълон кард.

Бино ба иттилои АМИТ “ХОВАР“, Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар истинод ба Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ барои мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ҳангоми вуруд бо ҳавопаймо “пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ оид ба бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия”-ро ҳатмӣ эълон кардааст.

Ба қавли манбаъ, шаҳрвандон ва меҳмононе, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сафар кунанд, бояд пеш аз хариди билет дар бораи вазъият ва шароити сафар маълумот бигиранд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикистон ҷорӣ кардани ин шартҳоро муваққатӣ эълон карда, гуфтаанд, ки “ин чораҳои беҳдоштӣ бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ гардида, бо беҳ гардидани вазъият аз байн бурда мешаванд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...