33.9 C
Dushanbe

Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард

Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон пурра иҷро шудааст.

Шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки дар 24 рӯз пойтахт нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 100 дарсад иҷро кардааст, аммо нагуфтааст чанд ҷавон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд.

Инчунин дар рӯзҳои аввал мисли ҳамеша Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои минтақаи Рашт аз пурра иҷро шудани нақша хабар дода буданд.

Дар ҳамин ҳол вилояти Хатлон бори аввал дар рӯзи якуми маъракаи даъват ба хидмати ҳарбӣ нақшаро пурра иҷро кард.

Ҷаҳонгиршоҳи Рустамшоҳ, сухангӯи раиси вилояти Хатлон дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки пеш аз оғози даъват беш аз 3 ҳазор ҷавонро дар ин вилоят ба курсҳои ронандагӣ ҷалб кардаанд ва онҳоро соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ намуда, ба хидмат фиристодаанд.

Вилояти Суғд ҳам дар се рӯзи даъват ба артиш аз 80 дарсад иҷро шудани нақша гуфта буд, аммо то ҳол аз пурра иҷро намудани он чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, то даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ Вазорати мудофиаи кишвар дар сомонаи расмиаш аз чанд дарсад иҷро гардидани нақша дар тамоми кишвар мегуфт, вале дар даъвати имсола сомонаи вазорат дар ин робита оморе интишор накардааст.

Даъвати тирамоҳӣ ба артиш аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-уми ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард ва ҷавононе, ки солҳои таваллудашон 1997-2006 мебошад, ба артиш бурда мешаванд.  

Бояд гуфт, мавзуи даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон ҳамоно доғ боқӣ мемонад, зеро шикоятҳо аз шароити бад, муносибати бераҳмона бо сарбозон ва ҳолатҳои марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ идома доранд.

Дар солҳои охир мақомот ба ғайр аз “облава” аз усули нави даъват истифода мекунанд, аз ҷумла мисли гирифтани волидон ба гаравгонӣ, қатъ кардани барқи хонаҳо ва бастани дарҳои масҷидҳо барои онҳое, ки фарзандонашон ба хидмат намераванд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо пеш аз оғози даъвати тирамоҳӣ дар ҷаласае вуҷуди мушкилотҳоро эътироф карда, аз зердастони худ хостааст, ки зимни даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш даст ба қонуншиканӣ назананд

Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки то дар системаи Вазорати дифоъ тағйироти куллӣ сурат нагирад, бо дастуру супоришҳо ин мушкилот бартараф нахоҳанд шуд.


Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.

Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз листи террористон хориҷ кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гурӯҳи “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро, расман аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кард.

Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон омад

8-уми июли соли 2025 Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо даъвати раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омад.

Дар Маскав беш аз 500 муҳоҷирро ба шуъбаҳои пулис бурдаанд

Мақомоти Русия дар шаҳри Маскав барои ошкор кардани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ "рейд" гузарондааст.