Душанбе васеътар мешавад

Акс аз: bunyodtourblog.wordpress.com

Масоҳати навоҳии пойтахт аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ  ба андозаи 7 ҳазору 659,25 гектар зиёд карда шуд. Дар ин бора Хабаргузории “Авесто” навиштааст.

Қарори тавсеаи марзҳои Душанбе аз ҳисоби заминҳои навоҳии ҳаммарз бо он қаблан аз тарафи раиси шаҳр ба имзо расида буд. Вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҷаласаи ахири худ, дар рӯзи 15 июл ин қарорро, ки ба  ҳудуди маъмурии навоҳии пойтахт тағйирот ворид мекунад ҷонибдорӣ карданд.

Дар чаҳорчӯби ин қарор ҳудуди маъмуриву марзии чаҳор ноҳияи пойтахт: Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонӣ васеъ хоҳанд шуд.

Дар ибтидои ҷаласаи вакилон, қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тағйир додани сарҳадҳои ноҳияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе” тасдиқ гардид.

Бинобар маълумоти  котиботи шаҳрдорӣ вакилони халқ  ба масоҳати умумии 20 ҳазору 318,25 гектар муқаррар намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанберо тасдиқ кардаанд.  Масоҳати афзуда ба ҳудуди пойтахт аз ҳисоби заминҳои деҳоти “Чоряккорон”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ”, “Чимтеппа”, “Россия”, “Гулистон” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ  гирифта шудааст.

Ба ин тартиб масоҳати пойтахт ва ё  ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе ба андозаи 20318,25  гектар, аз ҷумла ноҳияҳои Шоҳмансур — 4888,90, Фирдавсӣ — 5447,96, Сино — 6224,39 ва Исмоили Сомонӣ — 3759,00 гектар муқаррар гардидааст.

Зарурати васеъшавии шаҳри Душанбе ба афзоиши босуръати аҳолии он, талабот ба манзилҳои истиқоматӣ, сохтмони роҳҳо, биноҳо ва иншооти гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, маишӣ ва солимгардонӣ рабт дода шудааст.

Қаблан хабарҳо дар бораи таъсиси 2 ноҳияи нав дар қаламрави Душанбе низ ба нашр расида буданд.Аммо дар ин ҷаласа вакилони халқӣ дар ин бора сӯҳбате накардаанд.

Бо ин ҳол гуфта нашудааст, ки маъмурияти ноҳияи Рӯдакӣ барои вогузории ин миқдор аз масоҳаташ ба пойтахт ризоият додааст ё хайр? Ва ё вакилони халқи Душанбе ин ҳақро доранд, ки аз масоҳати ноҳияи дигар барои пойтахт қаламрав  ё замин бигиранд.

Ва ё ин ҳама тағйирот ба хотири боз ҳам “ҷавони пурэнержӣ, “чашмикордон” ва менеҷери муваффақ ҷилва додани шаҳрдори феълии кишвар-Рустами Эмомалӣ аст?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.