Эълони аввали рӯзи рамазон дар Тоҷикистон

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон расман эълон кард, ки оғози моҳи мубораки рамазон дар Тоҷикистон 2-юми апрел оғоз мешавад.

Имрӯз, 29-уми марти соли 2022 Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо содир кардани Қарори худ шанбеи 2-юми апрелро дар Тоҷикистон рӯзи аввали моҳи рамазон эълон кард.

Дар ин Қарори Шӯрои уламои кишвар омадааст:

“Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2022 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи шанбе 2-юми апрел муайян карда шавад.

  1. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 35000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 875 сомонӣ закот дода мешавад.
  2. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  3. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2022 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.”

Рӯза гирифтани моҳи мубораки рамазон яке аз рукнҳои панҷгонаи дини ислом буда, мусалмонони ба синни балоғат расидаву сиҳатманд вазифадор ҳастанд, ки тӯли як моҳ аз дамидани субҳ то шом рӯза бигиранд.

Гуфта мешавад, тибқи маъмул рамазон бо дидани моҳи нав оғоз мешавад, аммо бо пешрафти илм ин имкон низ муяйсар шуда, донишмандон метавонанд пеш аз оғози моҳҳои қамарӣ низ оғозу анҷоми моҳҳоро муайян кунанд.

Тоҷикистон танҳо кишваре, нест, ки 2-юми апрелро аввали рамазон эълон кардааст, балки пеш аз он бархе донишмандони Ҷуҳурии арабии Миср ҳам 2-юми апрелро аввали моҳи мубораки рамазон эълон карда буданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.