Эълони таъсиси ҳаракати нав дар хориҷ аз ҷониби мухолифони Раҳмонов

Як гурӯҳ аз мухолифони режими имрӯзаи Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аз таъсиси як ҳаракати нави сиёсӣ хабар доданд.

Ин ҳаракат “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон” номгузорӣ шуда, муассисон ва гурӯҳи тадорукотияш бо нашри эъломияе рӯзи 6-уми августи соли ҷорӣ гуфтанд, ки дар ҷаласаи муштарак бо намояндагиҳо Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири пойгоҳи “Ислоҳ”-ро раҳбари ҳаракат интихоб кардаанд.

Дар эъломия гуфта мешавад, ки аксари аъзоёни ин ҳаракати ҷадид дар даҳ соли охир, ба далели зулм ва таъқиб, дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳанда ба сар мебаранд ва бо нияти “кӯтоҳ кардани роҳи бозгашт ба Ватан ва наҷоти мардум аз як ҳукумати худкома ва оилавӣ” бо ҳам омадаанд ва муборизаро то охири роҳ, яъне сарнагунии режими худкомаи диктаторӣ идома хоҳанд дод.

“Ин режим давлати моро ба дастгоҳи манофеъ барои хонаводааш табдил додааст. Ҳар рӯзе, ки ин режим бар сари қудрат аст, фақр, фасод, муҳоҷират, бедодӣ ва нобаробарӣ бештар мешавад. Моро дигар чораи ҷуз мубориза боқӣ намондааст”, – таъкид шудааст дар эъломияи Ҳаракати сиёсии “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон”.

Масъули ҳаракат Муҳаммадиқболи Садриддин дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон” дар кишварҳои Фаронса, Олмон, Италия, Испания, Британияи Кабир, Лаҳистон, Латвия, Туркия, ИМА , Канада, Мексика ва Зеландияи Нав намояндагӣ дошта, рӯзҳои наздик масъулон ва нафароне, ки узви ин ҳаракатанд ва шуморааш, ки беш аз 200 нафар гуфта мешавад, аз худ хабар хоҳанд дод.

Ба гуфтаи ӯ, оғози таъсиси ин ҳаракат аз охирҳои моҳи май ва аввали июн шуруъ шуда, ҳоло ба омода намудани сомона ва навиштани низомномаву ойинамо шуруъ кардаанд, то нафароне, ки мехоҳанд узви ҳаракат шаванд аз барномаи он огоҳ бошанд.

Ҳаракати нави мухолифони тоҷик дар хориҷ аз кишвар дар ҳоле таъсис меёбад, ки раҳбари “Ислоҳотхоҳони Тоҷикистон” Муҳаммадиқболи Садриддин аз соли 1999 узви ҲНИТ буд. Ва ӯ чанд моҳи ахир дар барномаҳои ютубии шабакаи “Ислоҳ” аз раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ – ба гуфтааш – барои “нагузарондани ислоҳот ва даст назадан ба муборизаи ҷиддӣ” интиқод намуда, истеъфои ӯро талаб карда буд.

Худи Муҳаммадиқболи Садриддин чанд соли ахир дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад ва миёни ҷомеа бо интиқодҳояш аз режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон шинохта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ гумонбар медонанду борҳо аз мақомоти Фаронса хоста буданд, ки ӯро ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Инчунин додгоҳе дар Маскав Муҳаммадиқболи Садриддинро ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи ҷанги Русия дар Украина гунаҳкор донистааст. Худи ӯ иттиҳоми мақомоти Тоҷикистонро рад намуда, онро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонад ва мегӯяд, қарори Русия ба фаъолияти ӯ таъсир надораду ба даъватҳояш барои нафиристодани тоҷикон ба ҷанги Украина идома медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар Тоҷикистон

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва музди миёна дар ТоҷикистонИқтисоди...

Қимори Тоҷикистон рӯи истихроҷи литий бар пайи уфти қимати он

Мақомоти Тоҷикистон нақша доранд лоиҳаи истихроҷи литийро дар кони...

Мушкили коркарди нафт дар Русия ва таъсири он ба Тоҷикистон

Ҳаҷми коркарди нафт дар Русия то поёнтарин сатҳ дар...

Наздики 50 парванда барои “монеъ шудан” аз таҳсили фарзанд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе омори такондиҳандаеро нашр кард,...