26.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон як зиндонии эрониро авф кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар як зиндонии шаҳрванди Эронро, ки дар Тоҷикистон зиндонӣ буд, авф кард, ки ӯ имрӯз ба ватанаш баргашт.

Дар ин бора Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳисоби твиттераш хабар дод.

Бино ба навиштаи ҷаноби Собирӣ, ин авф дар пайи дархости ӯ аз Раҳмон ва ба муносибати иди саиди Фитр сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Эрон имрӯз ба Ватанаш баргардонида шудааст.

Номи ин маҳбуси эронӣ дастрасӣ расонаҳо нест, аммо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст, ки ин нафар ягона маҳбуси эронӣ буд, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешуд.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд соли охир мақомоти интизомии кишвар аз боздошту зиндонӣ кардани чанд шаҳрванди Эрон хабар дода буданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле ба муносибати Иди саиди Фитр як маҳбус, он ҳам шаҳрвандии Эронро авф кардааст, ки кишварҳои ҳамсоя ба фарқ аз ӯ садҳо зиндониро ба муносибати ин ид аз зиндонҳо озод карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вазир: Тақсимоти барқ ғайри қаноатбахш аст

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон фаъолияти нимсолаи аввали...

ВКД: 3 кӯдак 10 ҳазор сомониро дузиданд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо нашри як иттилоия се...

Собиқ ректори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба 7 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи вилояти Суғд Аюб Усмонзода, ректори собиқи Донишгоҳи Давлатии...

Тоҷикистон мехоҳад аз Қатар пул бигирад

Тоҷикистон аз Қатар хостааст, ки "дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт"-и...