35.9 C
Dushanbe

Вокуниши Тоҷикистон ба таҳдиди Толибон

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари хидматӣ дар Бадахшон дар гузашти низомии Қушунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Дарвоз ширкат кард.

Тибқи иттилои торнамои расмии раисҷумуҳур, ин гузашти низомӣ бо ҳузури беш аз 2 ҳазор нафар сарбозону афсарон ва намоиши ҳудуди 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ баргузор гардид.

Пеш аз ин Толибон бо баргузории як режаи низомӣ (парадҳои ҳарбӣ)-и “нерӯҳои истишҳодӣ” (маргталаб)-и худ дар Шимоли Афғонистон, ба хусус вилоятҳои ҳаммарз, ба Тоҷикистон ҳушдор дода буданд. Дар ин режаи низомӣ шохаи Лашкари Мансурии Толибон дар маркази вилояти Бадахшон, шаҳри Файзобод баргузор шуда буд.

Ин таҳдиду вокунишҳои дуҷониба бори аввал нест, ки дар чанд моҳи ахир дар ду сӯи Ому баргузор мешавад ва гоҳе Тоҷикистон бо баргузории режаи низомӣ ба Толибон зӯрашро нишон медиҳаду гоҳи дигар Толибон бо баргузории режаҳои низомӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон тавонмандии худро ба намоиш мегузоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги ҳукумати Толибон пештар дар саҳфаи Твиттериаш навишт, ки Толибон “гурӯҳи вижаашро” ба  минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон фиристода аст, аз ҷумла ба Тахор, Қундӯз ва шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон дар Афғонистон. Муҷоҳид сафарбаркардани ин нерӯҳоро  барои рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва дигар таҳдидҳои эҳтимолӣ гуфта аст.

Аммо рӯзномаи “Independent”-и Бритониёӣ навишта, ки расонаӣ кардани ҳузури нирӯҳои маргталаб дар Шимоли Афғонистон, ба хусус шаҳрҳое, ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарзанд, навъе паёми ҳушдор ба ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аст. Қаблан мулло Абдулғанӣ Бародар ва мулло Абдуссалом Ҳанафӣ  дар шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира ба Тоҷикистон ишора кард, гуфта буданд, ки  дар умури Афғонистон мудохила мекунад.

Дар ҳоли ҳозир тамоми ҳамсояҳои Тоҷикистон ва шарикони роҳбурдии он ба мисли Русия, Чин, Эрон ва шарикони бо эътимоди Тоҷикистон ба мисли Покистон ҳам расман бо ҳукумати Толибон дар Афғонистон ҳамкориро оғоз кардаанд, аммо дар ин васат Тоҷикистон танҳо кишварест, ки то ҳол бар мавзеи худ пофишорӣ дорад ва таъкид мекунад, ки бояд дар Афғонистон ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад, сипас онро ба расмият мешиносад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.