Эътирофи артиши Исроил ба қатли журналисти “Алҷазира”

Артиши Исроил эътироф кардааст, ки Ширин Абуоқила бо тири нерӯҳояш кушта шудааст. Президенти Фаластин ҳам таъкид карда, ки парвандаи ӯро ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ мебарад.

Расонаҳои исроилӣ ва бархе расонаҳои байналмиллаӣ хабар додаанд, ки артиши Исроил пас аз таҳқиқоти ибтидоӣ дар бораи қатли Ширин Абуоқила эътироф кардааст, ки ин журанлист бо тири низомиёни исроилӣ ҷони худро аз даст додааст. Маҳмуд Аббос ҳам таъкид кардааст, ки парвандаи ӯро ба Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ мебарад, то ҷинояткорон беҷазо намонанд.

Ба гузориши рӯзномаи исроилии “Haaretz“, Маҳмуд Аббос, Раиси Ташкилоти худгардони Фаластин қавл додааст, ки парвандаи Ширин Абуоқила, рӯзномагири дирӯз кушташудаи шабакаи “Алҷазира”-ро ба Додгоҳи байналмилалӣ мебарад.

Ба гузориши “Алҷазира”-и Қатар шоми дирӯз, 11-уми майи соли 2022 ин рӯзномаи исроилии хабар дода буд, ки артиши Исроил пас аз як таҳқиқоти аввалия гуфтааст, ки ба назар мерасад Ширин Абуоқила, рӯзноманигори кушта шуда ва Алӣ Ас-Самудӣ, ҳамкори ӯ бо тири нерӯҳои исроилӣ яке кушта ва дигарӣ захмӣ шудааст.

Рӯзномаи “Ал-Қудс-ул-арабӣ“-и ҳам бо нашри як гузориш аз маросими ҷанозаи Ширин Абуоқила, ки бо ҳузури мақомоти расмӣ дар шаҳри Ромуллоҳ баргузор шуд, иттилоъ дода, ки Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Фаластин Ширинро “шаҳиди Байтулмуқаддас” ва “шаҳиди Озодии баён” хонд.

Маҳмуд Аббос Исроилро дар қатли Ширин муттаҳам карда гуфтааст: Режими ишғолгар ҳақиқатро пинҳон нахоҳад кард ва ҷиноят набояд беҷазо бимонад. Вай афзуд, “мо таҳқиқи муштарак бо мақомоти Исроилро рад кардем ва рад мекунем, зеро онҳо ҷинояткоронанд ва мо ба онҳо эътимод надорем.”

Пеш аз ин хабаргузории расмии Фаластин “ВАФО” ҳам ба нақл аз Самудӣ, ҳамкори хонум Ширин Абуоқила, ки аз ноҳия камар захмӣ шудааст, хабар дода, ки ӯ, хонум Ширин ва чанд тани дигар аз хабарнигорон, ки ҳама дар тан либоси махсус барои хабарнигорон “PRESSA” доштанд, дар назди мадориси Ожонси имдод ва кори СММ ҳузур доштанд, мавриди ҳамлаи низомиёни исроилӣ қарор гирифтаанд.

Ширин дорои шаҳрвании ду кишвар: Исроил ва Амрико буд. Пас аз қатли ӯ кишварҳои Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Туркияву Қатар ва даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо шумули нерӯҳои фаластинӣ қатли ӯро маҳкум карда, хостори таҳқиқоти фаврии ӯ шуданд.

Ширин Абуоқила, рӯзноманигори шабакаи Алҷазираи Қатар, ки дирӯз, 11-уми майи соли 2022 ба қатл расид, соли 1971 дар оилаи арабҳои масеҳӣ дар шаҳри Байтулмуқаддас ба дунё омада буд. Вай хатмкардаи бахши рӯзноманигории яке аз донишгоҳҳои Урдун буд. Ҷасади Ширин Абуоқила, ҷумъаи 13-уми майи соли 2022 пас аз адои маросими ҷаноза дар Калисое дар зодгоҳаш паҳлӯи падару модараш ба хок сипурда мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.