12.9 C
Dushanbe

Ёддошти эътирозии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷониби Қирғизистонро ба “дурӯягӣ” муттаҳам карда, сафири ҳамсоякишварро даъват намуда, ба вай “ёддошти эътирозӣ” дод.

Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 7-уми октябри соли 2022, “сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуд.”

Ба қавли манбаъ, “ба сафири Қирғизистон ёддошти эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба шарҳдиҳии сардори хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон супорида шуд.”

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки “ҷониби Тоҷикистон чунин изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ арзёбӣ менамояд.”

Дар ин изҳороти Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид гардида, ки “изҳороти намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон як кӯшиши бесарусомонӣ барои таҳмили ақидаи бардурӯғ дар бораи сабабҳои аслии таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон ба афкори умум мебошад. Зимнан зикр гардид, ки чунин изҳороти риёкорона ба рӯҳ ва ҳарфи протоколҳое, ки ҷонибҳо рӯзҳои 19 ва 25 сентябри соли 2022 имзо кардаанд, мувофиқат намекунад.”

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон дар торихи ҳамсоядории 30 соли ахири худ борҳост, ки муноқишаҳои хунинро таҷриба мекунанд ва бори охир дар рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ ҳодисаҳои хунине сар зад, ки расман теъдоди куштаҳо аз ду ҷониб наздик ба 150 нафар ва омори захмиҳо низ ҳудуди 300 нафарро гузашт. Дар ин ҳодисаҳо ҳар дуҷониб якдигарро ба оғози ҳамлаҳои мусалаҳҳона муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Худкушии як зодаи Тоҷикистон дар боздоштгоҳи “Матросская тишина”

Яке аз маҳкумшудагон дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" дар боздоштгоҳи тафтишотии "Матросская тишина"-и Маскав худкушӣ кардааст.

Арманистон ду зодаи Язгуломро ба Тоҷикистон супурд

Мақомоти Арманистон ду зодаи Язгуломи ноҳияи Ванҷро, ки қаблан боздошт карда буд, ба Тоҷикистон супурдааст.

Баргузории “Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ” дар Тоҷикистон

Рӯзи 6-уми апрел дар Тоҷикистон вобаста ба "Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ" ҳамоиши солимгардонӣ ва муоинаҳои ройгони тиббӣ оғоз гардид.

Оташбас ё ҷанг? Музокироти Амрико ва Эрон вориди марҳилаи нав мешавад

Музокирот миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои барқарор кардани оташбас ва таваққуфи ҷанг вориди марҳилаи нав шудааст.