“Eurasianet” Тоҷикистонро ба исломситезӣ муттаҳам кард

Сомонаи “Eurasianet” бо нашри матлабе мегӯяд, ки Ҳукумати “Тоҷикистон бар зидди маорифи исломӣ мавқеи душманона гирифтааст.”

Ин матбали “Eurasianet“, ки нашри он ба рӯзи Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон рост омадааст, дар бораи саркӯб ва маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, мақомоти кишварро ба исломситезӣ муттаҳам кардааст.

Ба гуфтаи муаллифон, дар Тоҷикистон беш аз 95 дарсади мардум худро мусалмон мегӯянд, аммо мақомот охирин мадрасаи мазҳабии мансуб ба исмоилиҳо ва фаъолияти китобфурӯшиҳои исломӣ дар назди бинои Донишкадаи исломиро дар шаҳри Душанбе қатъ карданд.

Ин матлаб, ки бо забони англисӣ нашр шудааст, таъкид мекунад, дар Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18-сола ба масоҷид ва ҷавонони то 35-сола ба Ҳаҷ манъ аст. Ворид шудан ба муассисаҳои давлатӣ бо ҳиҷоби исломӣ ва ришҳои суннатӣ низ мамнуъ мебошад.

Муаллифони ин матлаб меафзоянд, ки фишори мақомоти Тоҷикистон дар ин ҳафтаҳои ахир болои исмоилиҳо, ки аксари кулли онҳо зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳастанд, шиддат гирифтааст.

Ба гуфтаи онҳо, мақомот аз Президенти Тоҷикистон дида, касе дигарро “муқаддас”-тар намедонанд, ҳатто дар маркази Исмоилиҳо дар шаҳри Душанбе таҳаммули дидани акси Карим Оқохонро дар паҳлӯи акси Эмомалӣ Раҳмон надоранд, ба ин хотир аз масъулин хоста буданд, ки суратро бардоранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.