13.9 C
Dushanbe

Футболбози шинохтаи тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт

Дилшод Восиев футболбози шинохтаи тоҷик ба хотири таъмини се фарзанд ва модари беморашон муҳоҷир шуда ба шаҳри Челябински Русия рафтааст.

Дилшод Восиев яке аз футболбозони муваффақи тоҷик аст, ки дар дастаҳои Истиқол, Хуҷанд, тими футболи Тоҷикистон ва ғайраҳо бозӣ карда, 7 маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва 3 маротиба нишонзани беҳтарини Лигаи олии Тоҷикистон шудааст.  Дар ин бора саҳфаи инстаграмии 90 дақиқа хабар медиҳад.

Хабари ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани Дишод Восиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ норозогии мухлисони футбол ва ҳатто варзишгаронро дар Тоҷикистон ба миён овардааст.

Корбаре бо номи Ҷамшед дар зери ин хабар навиштааст, ки “ҳайфи футболбозоне, ки тули чандин солҳо барои пешравии футболи тоҷик саҳм мегузоранд, аммо дар охир як зарра ҳам қадрдонӣ намешаванд.”

Бисёриҳо навиштаанд, ки бояд Восиев дар Федератсияи футболи Тоҷикистон бо кор таъмин мешуд ва дар тарбияи насли ҷавон саҳми худро мегузошт

Ба иддаои корбарон дар ФФТ, ки раҳбарияшро Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бур уҳда дорад, дар ҳоли ҳозир нафароне кор мекунанд, ки аксари онҳо фаҳмише аз футбол надоранд ва Федератсияро фасодзада кардаанд.

Ҳамчунин ба ин хабар Нуриддин Давронов, футболбози шинохтаи тоҷик вокуниш карда, навиштааст, ки “Хабари рафтани Дилшодро ба Русия хондаму дарунам дар гирифт, намедонам чӣ гӯям. Ин оила барои футболи тоҷик хидмати калон кардааст. Магар дар Тоҷикистон барои ин нафар кор набуд, ки 3 фарзандро бо модари беморашон монду ба Русия барои кор рафт?”

Давронов дар идома менависад, ки “ Аламовараш ин аст, ки ба ғайр аз Дилшод, футболбозони мунтахаб низ, ки ҷавонони аз 16 то 19 ҳастанд, бозиро партофта ба муҳоҷират рафта истодаанд.”

Ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани варзишгарон дар гузашта низ расонаӣ шуда буд. Аммо ба гуфтаи коршиносон  набудани ҷойи кор, маоши хуб ва фасодзада будани тамоми сохторҳои Тоҷикистон, на танҳо варзишгаронро балки тамоми қишри ҷомеаро маҷбур кардааст, ки барои ёфтани ризқу рӯзӣ ба муҳоҷиратӣ меҳнатӣ раванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.