24.9 C
Dushanbe

Ғарб дар нишасти Осло аз Толибон чӣ мехоҳад?

Мизбонии Норвегия аз нишасти Толибон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва намояндаҳои ҷомеаи мадании Афғонистон дар Осло ин кишвари аврупоиро зери борони интиқодҳо қарор додааст.

Ғарб аз Толибон чи интизорӣ дорад?

Вазорати

Акс аз AFP

Ҳайати 15 нафараи Толибонро Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷии Афғонистон раҳбарӣ мекунад. Аз замони қудрагирии Толибон дар 15-ми августм соли 2021 ин авалин сафари як ҳайати Толибон ба Аврупо аст.

Интизор меравад, ки ҳайати Толибон дар Осло бо намояндагони кишварҳои Амрико, Фаронса, Бритониё, Олмон ва Итолиё музокироте дошта бошанд ва ҳамзамон ҳайате ба намояндагӣ аз ҷомеъаи мадани Афғонистон ба ин нишаст даъват шудааст.

Ҳукумати Норвегия ҳазинаҳои ин нишастро аз ҷумла харҷи ҳавопаймои ҳайати Толибонро ба дӯш гирифтааст ва ин низ боиси интиқодҳои шадид аз Норвегия гаштааст.

Ҳошияҳои нишаст

Аммо дар нишасти гуфтугӯҳои Афғонистон дар Осло аз раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ва фармондеҳони собиқ даъват нашудааст ва аз ҷеҳраҳои матраҳи сиёсии Афғонистон чун Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай, Аҳмад Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ, Маршал Дустум, Исмоил Хон устод Абдурраб Сайоф, Устод Муҳаммад Ато Нур, Сарвар Дониш, Муҳақиқ ва дигарон даъвате сурат нагирифтааст ва дар ин гуфтугӯҳои Норвегия ҳузур надоранд.

Ҳудо Хомӯш, яке аз фаъолони ҷомеъаи мадании Афғонистон, ки дар нишасти Осло ҳузур дорад, пеш аз оғози суҳбаташ ба Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷии Толибон гуфт, ба Кобул занг зан ва занони эътирозгареро, ки аз ҷониби Толибон боздошт шудаанд озод кун ва илло ӯ дар ин нишаст суханронӣ нахоҳад кард.

Манбаъи Афғон-Интернешнал мегуяд, ки дар посух ба дархости Ҳудо Хомуш, намояндаи Толибон гуфтааст, ки ин гуруҳ ҳеҷ зани муътаризеро боздошт накардааст.

Ҳамзамони хонум Наргис Ниҳон, вазири пешини маъодин ва аз фаъолони ҳуқуқи зан, ки барои ширкат дар нишасти Осло даъват шуда буд, ба нишони эътироз аз ширкат дар ин нишаст инсироф додааст.

Музокироти ғарбиҳо бо Толибон дар ҳотели Сориа Морияи Осло ҷараён дорад, ки дур аз маркази шаҳр мебошад ва бо вуҷуди дурии ин ҳотел афғонҳои сокини Осло дирӯз ва имрӯз дар назди ин ҳотел намоиҳши эътирозӣ барпо карданд.

Ғарб аз чи нигарн аст: Буҳрони башарӣ дар Афғонистон ё сарозершудани мавҷи нави муҳоҷирин афғон ба Аврупо?

Рафтор ва сиёсатҳои кишварҳои аврупоӣ баёнгари он аст, ки Аврупо омодаи пазироӣ аз мавҷи нави паноҳҷӯёни миллионӣ нест. Соли 2014 ва 2016 Аврупо беш аз 3 миллион паноҳҷӯро пазируфт. Сокинони кишварҳои мухталифи аврупоӣ ба нишони эътироз ба сиёсати муҳоҷиратии кишварҳояшон ба аҳзоби рости ифротӣ раъй доданд.

Дар давра дар бисёре аз кишварҳое аврупоӣ чун Олмон, Фаронса, Лаҳистон, Утриш, Маҷористон барои бори авал аҳзоби рости ифротӣ ба порлумон роҳ ёфтанд. Роҳёбии онҳо ба парлумон боъис гашт, ки сиёсатмадорони Аврупо дар сиёсатҳои муҳоҷиратии худ бознигарӣ кунанд. Натиҷаи ҳамон сиёсат аст, ки масъулини Иттиҳоди Аврупо барои пешгирӣ аз муҳоҷирати афғонҳо ба Аврупо ба ҳамсоякишварҳои Афғонистон тарҳи кумаки як миллиард евроро пешниҳод карданд.

Нигарони дигари аврупоиҳои аз вуруди ифротиҳо дар байни паноҳҷӯён мебошад, зеро ташхиси онҳо душвор аст, чун ки дар аксари ҳолатҳо паноҳҷӯён ғайриқонунӣ ва аз масирҳои қоҷоқӣ вориди Аврупо мегарданд ва дар ҳеҷ идора ва ниҳоде сабт намешаванд. Ин метавонад амнияти Аврупоро таҳдид кунад ва барои ҳамин талош доранд, ки пеши роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Аврупоро бигиранд.

Нигарони дигари аврупоиҳо ин истифодаи абзории Русия ва Белорус аз паноҳандагони афғон ва бозгӯшойии масири нави қочоқи паноҳҷуёни афғон аз роҳҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Белорус ва интиқоли онҳо ба марзҳои Аврупои шарқӣ мебошад.

Хатари ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина, таҳримҳои Ғарб бар зидди Лукашенко ва вобастагии Аврупо ба гази Русия, нигаронии ғарбиҳоро бештар кардааст ва аврупоиҳо бо шиори “илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъи он” кор мекунанд ва мехоҳанд пеш аз онки буҳрони инсонӣ дар Афғонистон шиддат ёбад, бо кумакҳои инсонӣ ва такмили пуружаҳои иқтисодӣ амнияти иқтисодиро ба Афғонистон баргардонанд ва монеъи ҳиҷрати дастаҷамъонаи афғонҳо гарданд.

Гуфта мешавад, 15 августи соли 2021 бо фарори Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон Кобул ба дасти Толибон суқут кард ва бо гузашти 6 моҳ аз қудратгирии Толибон ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Инчунин, бовуҷуди дархостҳои пайиҳами сарпарасти Вазорати хориҷии Толибон барои вогузории курсии Афғонистон дар Созмони Миллали Муттаҳид ба ин гурӯҳ Созмони Миллал, то имрӯз ба ин дархости Толибон ҷавоби мусбат надодааст. Дипломатҳои ҳукумати пешини Афғонистон дар СММ ин кишварро намояндагӣ мекунанд.

Ҳамзамон пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон Қатар ва Покистон талошҳои зиёде карданд, то ҷомеъаи ҷаҳони ҳукумати Толибонро ба расмият бишносад, аммо ин талошҳои онҳо то имрӯз бенатиҷа будааст. Ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз Толибон мехоҳад ҳукумати ҳамашумул ё фарогире ташкил диҳад ва ҳуқуқи занон ва озодиҳои маданиро риоят кунад.

Толибон ҳам мегӯянд, ки ҳукумати онҳо ҳамашумул аст, аммо таърифи ин гурӯҳ ва ғарбиҳо аз корбурди истилоҳи ҳукумати фарогир фарқ мекунад.

Чанде пеш Толибон эълон карда буданд, ки Амрико бо ирсоли як листи 15-нафарӣ аз ин гурӯҳ хостааст, ки агар онҳоро дар ҳукумат ва тақсими қудрат шарик созанд, ҳукумати Толибонро ба расмият хоҳанд шинохт, аммо Толибон онҳоро ҳалқаҳои ҳукумати пешин ва “фосид” хонда, пешниҳоди ИМА-ро рад карданд.

Муҳамад Сафарзода барои Аздо ТВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бартараф намудани ифлосии Душанбе

Масъулони шаҳри Душанбе мехоҳанд бо гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум мушкилии партовҳои пойтахтро бартараф кунанд.

Даргузашти Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар зиндон

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, зиндонии сиёсӣ ва узви Раёсати олии ҲНИТ дар умри 65-солагӣ дар зиндон даргузашт.

Наздики ним миллард қарзи “ТАЛКО” аз барқ

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон номи қарздорон аз барқро эълон кард.

Норасоии омӯзгор мушкили ҳалнашавандаи Вазорати маорифи Тоҷикистон

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон имрӯз, 26-уми июл зимни нишасти матбуотии ниҳодаш аз мушкили норасоии омӯзгорон дар мактабҳои миёна шикоят кард.