Гарон шудани нархи маҳсулоти чинӣ дар Тоҷикистон

Бархе муштариён аз он шикоят доранд, ки тайи чанд ҳафтаи ахир нархи чанде аз маҳсулоти чинӣ дар бозорҳои Тоҷикистон гаронтар шудааст.

Имрӯз, 12-уми ноябри соли 2024, бархе ширкатҳои боррасон аз Чин ба Тоҷикистон дар саҳфаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кардаанд, ки то ҳал шудани мушкилоти роҳ дархостҳои интиқоли бор аз Чин ба Тоҷикистонро қабул намекунанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳам дар шарҳи ин мушкилот гуфтааст, қатъи муваққатии интиқол борҳо ба анҷоми муҳлати рухсатномаҳои боркашии байнидавлатӣ, ки барои боркашонӣ тавассути қаламрави як кишвар ба кишварҳои ҳамсоя дода мешавад, вобаста аст.

Сайфулло Қодирзода, сардори раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёт, ба хабаргузории Азия-Плюс гуфта, ки ду моҳ қабл Тоҷикистон ба ҷониби Чин дархости тамдиди рухсатномаҳоро ирсол карда буд ва ҳоло интизори посух ҳастанд. Ӯ афзуд, ки мақомоти чинӣ ваъда додаанд, ки масъала ҳарчӣ зудтар баррасӣ мешавад.

Аз сӯи дигар, яке аз намояндаҳои ширкати боррасони “ШИ-ФУ Карго” дар Телеграм бо номи Парвиз эълон карда, ки “бо сабабҳои мушкилот дар роҳ аз имрӯз иборатан дигар бор заказ накнен. Мушкилот ҳал шудак мо ба шумо хабар мерасонем. Чихели гуфтем, Шифу Карго намехохад, ки бори мардум қабул кунаду дар склад истад, мо инхел кор намекнем.”

Ин рухсатномаҳо ба мошинҳои боркаш тавассути Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешаванд ва барои интиқоли борҳои махсус ё транзитӣ заруранд. Дар гузашта бархе ширкатҳои боррасон дар Тоҷикистон шикоят карда буданд, ки нархи ин санадҳо хеле гаронтар аз қимати аслии он ба ширкатҳо ва ронандаҳо фурӯхта мешавад.

Гуфта мешавад, интиқоли устувори молҳо аз Чин ба Тоҷикистон на танҳо барои соҳибкорон, балки барои тамоми иқтисоди кишвар аҳамияти калон дорад. Чин яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва қатъи муваққатии интиқоли молу маҳсулот метавонад ба нархи молҳо ва таъмини бозор таъсири манфӣ расонад ва ба сурати табиӣ нархҳоро гаронтар кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Роғун” ё нерӯгоҳи офтобӣ, ки бо суръат арзон мешавад? Кадоме беҳтар аст? 

Дар ҳоле ки қимати нерӯгоҳ ва барқи офтобиву бодӣ бо суръат арзонтар мешавад ва суръати сохтмони нерӯгоҳи офтобӣ низ бамаротиб тезтар аст, оё месазад ба ҷои “Роғун” дар Тоҷикистони офтобӣ нерӯгоҳи офтобӣ сохта шавад?

Сафири Тоҷикистон дар Эрон: Душанбе аз таҳримҳои зидди Эрон ҳимоят намекунад

Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ гуфт, Душанбе мухолифи таҳримҳои зидди Эрон аст ва чунин маҳдудиятҳоро ба нафъи ҳеҷ кишвар намедонад.

СММ: Дар се соли охир наздик ба шаш миллион муҳоҷири афғон ба ватанашон баргаштаанд

Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) мегӯяд, дар давоми наздик ба се соли охир тақрибан шаш миллион шаҳрванди Афғонистон аз кишварҳои хориҷӣ ба ватанашон баргаштаанд.

Боз марги як сарбоз дар артиш. Чаро касе сабаби маргашро шарҳ намедиҳад?

Солеҳ Файзиеви 19-сола, ки ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар шароити номаълум ба ҳалокат расидааст.